Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар шаҳри Атамуроди Туркманистон

05.06.2013 18:51, Туркманистон

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон вориди шаҳри Атамуроди Туркманистон шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Барои иштирок дар ин чорабинии муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ  ба Туркманистон, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ташриф овард.

Маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бо намоиши лавҳаи видео аз ҷараёни сохтмони роҳҳои оҳани ин кишвар дар замони истиқлоли давлатиаш оғоз ёфт.

Зимни суханронии сарони давлатҳо, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки тибқи нақша роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба масофаи беш аз 400 км бо харҷи зиёда аз 400 миллион доллари амрикоӣ дар муҳлати 2 соли оянда бояд сохта, ба истифода дода шавад.  

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмати туркманистонии роҳ аз ҳисоби худи Туркманистон ва қисматҳои тоҷикистонию афғонистонии он бо ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалии молиявӣ сохта мешавад.

Гурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, аз ҷумла изҳор дошт, ки “ин роҳи оҳан натанҳо барои се кишвари мо, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон хоҳад дошт”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай татбиқи ин лоиҳаи муҳими минтақавию байналмилалиро “қадам гузоштан ба сӯйи ояндаи муфарраҳтару мутараққӣ” номида, изҳор дошт, ки Афғонистон барои ҳарчи зудтар ба баҳрабардорӣ расидани ин роҳи оҳан ҷаҳду талоши доимӣ хоҳад кард. Ӯ бо ишора ба сиёсати созандагӣ ва бунёдкории минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “Тоҷикистон низ дар ояндаи наздиктарин ба сохтмони ин роҳ дар ҳудуди худ оғоз мебахшад”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид дошт, ки “дар воқеъ мо низ ҳарчи зудтар бояд ба сохтмони ин роҳи оҳан оғоз бахшем, зеро ин роҳи дӯстӣ ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам фарҳангии се кишвар ва кулли минтақа мусоидати фаъол хоҳад дошт”.    

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз аҳамияти роҳҳои минтақавӣ иттилоъ дод, ки “ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар 7 соли охир миёни Тоҷикистону Афғонистон 100 баробар ва миёни Тоҷикистону Туркманистон 3 баробар афзудааст”. 

Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба нома ба наслҳои оянда имзо намуда, онро ба дар нуқтаи оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар фазои тантанавӣ гузоштанд.

Сохтмони роҳи оҳан бо пардабардорӣ аз болои лавҳаи хотиравӣ аз ҷониби сарони се давлат ва гузоштани нахустин релси ин роҳи дӯстию бародарӣ ва таҳкимбахши ҳусни ҳамсоягии ибратбахши Тоҷикистону Афғонистону Туркманистон расман оғоз ёфт.

Ба ин маросими бошукӯҳ бо намоиши консерти якҷояи ҳунармандон аз Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон ҳусни анҷом бахшида шуд.

Сарони ҳарсе давлат, ҳамчунин ба шаҳраки навбунёди Гарлики Туркманистон ташриф оварда, дар маросими расмии ифтитоҳи он иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ин шаҳрак бо тамоми инфрасохтори иҷтимоию фарҳангӣ барои бо қувваи корӣ таъмин намудани заминҳои ба тозагӣ азхудшуда сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520