Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.05.2013 16:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тайи 6 соли амал қонуни мазкур ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбӣ расонда, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидати фаъол намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тӯю маъракаҳо шумораи тӯйҳои хонадоршавии ҷавонон 2 баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд шудааст, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён аст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар миёни аҳолӣ ин қонун нақши муассир мегузорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари комёбиҳо, ҳамзамон аз риоя нашудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ карда, пешгирии чунин қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 195 га замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони мактабу иншооти варзишӣ ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба иҷрои вазифаҳои ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон муайяншуда дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷикон роҳбарону ходимони давлатии тамоми сатҳу зинаҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият масъуланд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520