Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханрониӣ дар Маҷлиси Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

28.08.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Роҳбарони мӯҳтарами давлатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон, мо имрӯз натиҷаҳои фаъолияти муштаракамонро муҳокима карда, изҳор намудем, ки Созмони мо дар давоми як соли гузашта тамоили афзун гардонидани нерӯю имкониятҳояшро давом дода, дар таъмини амният ва суботи минтақаҳои Аврупо ва Осиё нақши торафт фаъолонатар мебозад.

Мавқеи СҲШ дар арсаи байналхалқӣ дар ин муддат хеле мустаҳкам гардид. Муоҳидаи ҳусни ҳамҷавории дарозмуддат , дӯстӣ ва ҳамкорӣ баъди тасвиби он дар мамлакатҳоямон эътибор пайдо намуда, нақшаҳои ҳамкории тӯлонии моро муайян намуд.

Акнун нақшаи самарабахши тадбирҳои муштараки амалӣ сохтани ҳар нукта ва моддаҳои онро таҳия карда қабул намудан мумкин аст. Баррасии ҳамаҷонибаи вазъи мамлакатҳои аъзои СҲШ ва атрофи он, аниқ муайян намудани ҳадафу вазифаҳои умумӣ ба Созмон имкон медиҳанд, ки ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешад, зеро онҳо ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодиро душвор мегардонанд. Самти асосии фаъолияти мо мисли пештара ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳ ва суботи амният дар минтақаи таҳти масъулияти СҲШ мебошад. Ин дар эъломияи Душанбе ифода ёфтааст, ки мо онро дар фарҷоми маҷлис қабул хоҳем кард. Муборизаи СҲШ ба муқобили терроризми байналхалқӣ заминаи мустаҳкам ва нерӯи ҷиддӣ дорад. Сохтори минтақавии зиддитеррористии созмон дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ воситаи хеле муҳим гардид.

Ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки ҳамкориро бо созмонҳои манфиатдори минтақавӣ, инчунин СММ ва САҲА густариш дода, ?анитар гардонем. Ин аз ҷумла ба масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ?айриқонунии маводи нашъадор бевосита дахл дорад. Мусаллам аст, ки проблемаи мазкур сол то сол тезу тунд гардида, ба амнияти минтақаи мо ба таври ҷиддӣ таҳдид менамояд. Паҳншавии маводи нашъадорро танҳо ба туфайли кӯшишҳои якҷояи мамлакатҳои аъзои СҲШ пешгирӣ кардан мумкин аст. Созмони ҳамкории Шанхай мисли Созмони Миллали Муттаҳид бояд дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти бадӣ воситаи асосӣ гардад. Айни ҳол ҷараёни иҷрои созишномаи дахлдорро дар ин масъала тезондан лозим аст. Таваҷҷӯҳи Шуморо бори дигар ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази махсуси СҲШ дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ?айриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе ҷалб карданиам.

Муваффақияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор, ки кори ҳамарӯзаи тамоми ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, пеш аз ҳама танҳо дар мавриди ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҳукумати Аф?онистон имконпазир мебошад.

Вазъияти ин мамлакати ҳамсояи мо ҳанӯз ба ҳадди эътидол нарасидааст. Ҳамаи мо солҳои 80- уми асри гузаштаро фаромӯш накардаем, ки ҷомеаи ҷаҳон ин мамлакати фалокатзадаро бо проблемаҳояш яккаю танҳо гузошта буд.

Хавфи Аф?онистонро дубора фаро гирифтани хараҷу мараҷ ва мувоқимати мусаллаҳона имрӯз ҳам хеле ҷиддист. Чунин вазъият ба манфиати терроризми байналхалқӣ мебошад.

Аф?онистон аз Созмони мо дар бобати расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ умедҳои калон дорад. Мо бояд вақтро аз даст надода, имкониятҳои сафарбар сохтани созмонро ба ҳалли проблемаҳои Аф?онистон ва роҳу усуҳои беҳтар сохтани ҳамкории онро бо ин мамлакат ба таври воқеӣ омӯзем ва амалӣ созем.

Инчунин ҳамкориро бо давлатҳои мушоҳид дар СҲШ аз нав барқарор кардан зарур аст. Қабули Низомнома дар бораи мақоми мамлакатҳои мушоҳид иқдоми муҳимест, ки ба таҳкими равобити берунии созмон равона шудааст.

Давлатҳои мушоҳид ва ҳамсояи Созмонро ба иштирок дар фаъолияти муассисаҳои он, инчунин амалӣ сохтани барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ҷасуронатар ҷалб намудан лозим мебошад. Муҳимаш ҳамин аст, ки қоидаҳои мушаххас, аниқ ва фаҳмои ҳамкорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ таҳия карда шаванд.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқию минтақавии рушд, аз ҷумла, Муассисаи рушди СММ, Бонки рушди Осиё, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бояд ба амалӣ сохтани нақшаҳои ҳамкории иқтисодии мо мусоидат кунад. Мо дар марҳалаи нави рушди фаъолияти СҲШ бояд ба проблемаҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Ниҳояти кор, беҳтар сохтани шароит ва сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакатҳои мо ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ вобаста мебошад. Як қисми онҳоро баъди таъсиси Хазинаи рушд ва маҳфили энергетикии СҲШ ҳал кардан мумкин аст.

Мо ба густариши фаъолияти Иттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии СҲШ умедҳои калон дорем. Умуман назорати иҷрои нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани барномаи ҳамкории доманадори тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои созмонро тақвият бахшида, дар мавриди зарурат онро таҷдид намудан лозим аст. Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи махсуси ҷу?рофӣ дорад, аҳамияти ҳамкорӣ дар бобати такмил додан ва мустаҳкамтар сохтани имкониятҳои фаъолияти соҳаҳои ёриррасони нақлиёт бештар ба назар мерасад.

Бо кӯмаки Ҳукумати Чин дар мамлакати мо силсилаи барномаҳои умумимиллӣ иҷро карда мешаванд, ки аҳамияти минтақавӣ доранд. Илова бар ин, мо ҳамроҳи баъзе мамлакатҳои аъзои созмон нақшаҳои сохтмони роҳҳои нави оҳан ва мошингардро баррасӣ мекунем, ки дар оянда мамлакати моро бо мамлакатҳои дигари аъзои созмон мепайванданд. Бинобар ин ба иҷрои ин вазифаҳо ҷалб кардани созмон масъалаи муҳим ба шумор меравад. Мо онҳоро ҷузъи шабакаи роҳҳои нақлиётӣ мешуморем, ки Аврупоро ба Осиё беҳтару бештар наздик месозанд. Дар робита таҳияи лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи муҳайё сохтани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналхалқии мол ба воситаи нақлиёти автомобил тезонидан зарур аст. Ҳар чи зудтар қабул кардани созишномаи дастгирӣ ва ҳифзи мутақобалаи сармоягузорӣ ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои мо мебошад.

Принсипи рушди умумӣ яке аз принсипҳои асосии созмон аст. Дастгирии ҳамдигар зимни ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ асоси таъминоти дарозмуддати амният ва субот ба шумор меравад. Ман аз иштироки фаъолонаи Чин ва Русия дар амалӣ сохтани барномаҳои калонҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, алоқа, истихроҷи нафту газ ва маъдан изҳори қадрдонӣ менамоям.

Бо камоли қаноатмандӣ зикр мекунам, ки Эрон ҳамчун давлати мушоҳид дар СҲШ пешниҳоди моро дар бораи якҷоя истифода бурдани захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои ёрирасони нақлиёт қабул намуд.

Дар шароити мунтазам боло рафтани нархи нафту газ гузоштани сармоя ба соҳаи истифодаи манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ безарари энергия на танҳо самараи дилхоҳ медиҳанд, балки аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Тоҷикистон бо ҳамаи мамлакатҳо дар ин соҳа ҳамкорӣ карда метавонад.

Дар шароити имрӯза бӯҳрони озуқаворӣ нисбат ба терроризм хавфи бештар дорад, зеро теъдоди зиёди одамонро аз шаъну шарафи инсонӣ маҳрум менамояд. Бо суръат боло рафтани нархи тамоми навъҳои озуқа проблемаи мубориза ба муқобили камбизоатиро хеле душвор гардонд. Мо бояд дар доираи Созмон барои ҳарчи камтар сохтани таъсири бӯҳрони мазкур тадбирҳои муштарак ва самарабахш андешем.

Дар робита ҳарчи зудтар истифода бурдани роҳу усулҳои ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин ба роҳ андохтани ҳамкории СҲШ бо созмонҳои байналхалқии соҳавӣ, аз ҷумла Муассисаи ҷаҳонии озуқа хеле муҳим мебошад.

Дар давоми як соли гузашта ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои аъзои Созмон густариш ёфт. Ин ба «рӯҳияи Шанхай» пурра мувофиқат дорад. Тоҷикистон тадбирҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳадафи онҳо ?анӣ гардонидани фарҳангу маънавиёти мамлакатҳои аъзои созмон буда, дӯстии халқҳои моро мустаҳкамтар месозанд. Дар ин бора Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин мисоли равшан мебошанд.

Аз фурсати мусоид истифода бурда, раиси давлати Чин Ху Сзинтао ва тамоми мардуми Чинро ба муносибати бомуваффақият анҷом ёфтани ин иди бузурги варзиши ҷаҳонӣ бори дигар табрик менамоям. Давраи гузашта бори дигар нишон дод, ки ҷаҳон то кадом андоза босуръат та?йир меёбад, таҳдидҳо ва зуҳуроти нав иродаи қавӣ ва истодагарии моро имтиҳон мекунанд. Бӯҳронҳои шадиди энергетикӣ ва озуқа, зилзилаи харобиовар дар вилояти Сичуан ва зимистони сарди қаҳратун дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калони ҳамкориро дар доираи Созмон ва самаранокии андешидани тадбирҳои дастаҷамъиро дар мавриди ба миён омадани чунин проблемаҳо тасдиқ менамоянд.

Шубҳае нест, ки Созмон муттасил ва мувофиқи мақсад барои ба даст овардани ҳадафҳои Ҳуҷҷати хотимавӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафу вазифаҳои худро ба манфиати шаҳрвандон амалӣ месозад, ки умеду орзуҳояшонро ба Созмон вобаста медонанд. Боварӣ дорам, ки баъди ба зиммаи Федератсияи Русия гузоштани раёсати СҲШ нерӯ ва имкониятҳои Созмон дучанд афзоиш ёфта, ҳамкории доманадори мамлакатҳои аъзои он бештар густариш хоҳад ёфт.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520