Бегоҳии рӯз дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омаданд.
Дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгироӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.
Сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.