Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи 7-уми Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

18.08.2007 17:00, Қирғизистон

Аз 15-ум то 17-уми августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва дар машқҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин созмон дар шаҳрҳои Бишкеки Ҷумҳурии Қиргизистон ва Челябински Федератсияи Россия қарор дошт.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии «Манас»-и Бишкек рўзи 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Ҷумҳурии Қиргизистон Адахан Мадумаров, Вазири саноат, энергетика ва захираҳои сўзишвории ин кишвар Игор Чудинов, Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон Маҳмудҷон Собиров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Қиргизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рўз чанд мулоқоти дуҷониба бо роҳбарони як қатор давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир намуд.

Нахуст Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барои кўмаку дастгирии молиявӣ ва техникию технологӣ дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвари мо арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Зикр гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи январи соли равон сурат гирифта буд ва ба имзо расидани Аҳдномаи ҳусни ҳамсоягӣ , дўстӣ ва ҳамкории дарозмуддат байни ду кишвар ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Таъкид гашт, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта қариб ба 160 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар 6 моҳи соли равон бошад, ин нишондод аллакай аз 100 миллион доллари амрикоӣ гузашт, ки ин зиёда аз 60 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Мусоҳибон атрофи масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати кўҳӣ , ҳамгироиҳои молиявию байнибонкӣ ва ғайра мубодилаи судманди афкор анҷом дода, омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.

Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки ҷониби Чин барои татбиқи амалии ҳамаи санадҳои ҳамкории ду кишвар саъю кўшиш намуда, омода аст ба Тоҷикистон иловатан дар бунёди корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта ва дар дигар соҳаҳо низ кўмаки амалӣ расонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ху Тсзинтао даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин даъватро бо қаноатмандӣ пазируфта, таъкид дошт, ки соли оянда ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир табодули назар карда шуд.

Дар вохўрии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод масоили густариши муносибатҳои ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Сарони ду давлат аз такони тоза пайдо намудани ҳамкории гуногунҷабҳа баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи майи соли равон ҷараён гирифта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Омодагӣ ба оғози бунёди нерўгоҳи обии барқии «Сангтуда-2», нақби мошингарди Чормағзак ва ҳамкориҳои муфиди дар арсаҳои марзбонӣ , иттилоотӣ ва дигар самтҳо амалишаванда нишонаҳои рушди муносибатҳои дўстона маънидод гашт.

Дар робита ба инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки мулоқоти навбатии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон доир карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масоили барномаи ҳастаии Эрон таъкид намуд.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо баҳри густариш додани ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд изҳори омодагии устувор ва ҳавасмандӣ карданд.

Нимаи дуюми рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон Қурмонбек Боқиев мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қиргизистон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо оид ба имконоти васеи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ ва доир ба масоили амнияти минтақавӣ мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Қурмонбек Боқиев ҳавасмандии кишварашро ба татбиқи нақшаю ниятҳои стратегии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавианд, таъкид дошта, изҳор намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон аз имкону захираҳои фаровони ба ҳам монади худ дар соҳаи гидроэнергетика ва саноати кўҳӣ бояд пурсамар истифода намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай табодули назар карда шуд.

Дар вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско масоили ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории давлати мо бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, аз кори бюрои ин созмон оид ба сулҳсозӣ дар Тоҷикистон, ки ба наздикӣ фаъолияташ анҷом ёфт, изҳори ризоият кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон устувории мавқеи давлати моро оид ба татбиқи барномаҳои ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола равонагашта, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва таҳкими фазои боварӣ дар минтақа бори дигар таъкид намуд.

ҷонибҳо аз авзои кунунии ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доман паҳн кардани аъмоли террористию экстремистӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карданд.

Онҳо атрофи ҳамкориҳои муфиди минтақавӣ баҳри дастгирии эҳёи баъдиҷангии иқтисодиёти Афғонистон низ гуфтугўи судманд анҷом доданд.

Линн Паско бунёди пули азими байни Тоҷикистону Афғонистонро, ки дар мавзеи Панҷи поён ба наздикӣ ба истифода дода мешавад ва фаъолият намудани чанд пули пайвандкунандаи ду кишварро дар минтақаи Бадахшон аз ҷумлаи тадбирҳои судбахши давлати мо дар роҳи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва расондани ёрии амалӣ ба мардуми Афғонистон маънидод кард.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ табодули назар карда шуд.

Рўзи 16 август дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 7-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гашт.

Субҳи ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон Қурмонбек Боқиев Сарони давлатҳоро дар назди қасри Конгресс-ҳоли қароргоҳи ҳукуматии «Ала-арча» истиқбол гирифт.

Баъди ҷамъ шудани ҳамаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай суратгирии умумии онҳо баргузор гашт.

Масоили вобаста ба фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай ва дурнамои он нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои аъзои созмон, сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ ва роҳбарони давлатҳои нозир ва намояндагони кишварҳою ташкилотҳои даъватшуда баррасӣ шуд.

қабл аз ҷаласаи васеъ суратгирии умумии сарони давлатҳои аъзои созмон, сарварону намояндагони давлатҳои нозир ва кишварҳою созмонҳои даъватшуда баргузор гашт.

Дар ҷаласа дар қатори сарони дигар давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҷаласа изҳори сипос намуда, иштироки роҳбарони давлатҳои Эрону, Муғулистон, Афғонистону Туркманистон, намояндагони воломақоми Ҳиндустону Покистон ва роҳбарони як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалиро фоли нек аз болоравии босуръати нақш ва мақоми Созмони Ҳамкории Шанхай дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодашавии «Нақшаи амали давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ » ва ба роҳ мондани робитаҳои судбахшро бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ , Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони Милали Муттаҳид нишонаи возеҳи густариши муносибот ва имконоти ин созмон номид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ дар доираи созмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба имзо расидани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Шўрои соҳибкорон ва Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхайро омили хуб дар татбиқи «Барномаи гуногунҷанбаи ҳамкории тиҷоратӣ -иқтисодӣ » арзёбӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки давлатҳои нозири Созмони Ҳамкории Шанхай низ ба ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ҷалб карда шаванд.

Дар робита ба сару садоҳое, ки атрофи нақшаҳои Тоҷикистон дар бораи мавриди истифода қарор додани захираҳои обию энергетикии кишвар паҳн мегарданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ сурат ягон лоиҳаеро, ки бар зарари ҳамсоягони худ бошад, пешниҳод ва дастгирӣ намекунад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои судбахши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатиро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай дастгирӣ намуда, аз онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмимоти созмон додани гурўҳи миёнарави «Созмони Ҳамкории Шанхай-Афғонистон»-ро мавриди дастгирӣ қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки бояд маҷмўи чорабиниҳои кўмакрасонии муассири иҷтимоию иқтисодӣ , гуманитарӣ ва техникӣ ба ин кишвар андешида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон дода, пешниҳод намуд, ки баҳори соли оянда Конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон гузаронда шавад ва изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст созмондиҳии онро бар души худ гирад.

Ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ истиқбол гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки раёсат ё худ раисии Созмони Ҳамкории Шанхай баъди ҷаласаи Бишкек ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва ҷаласаи ояндаи Сарони давлатҳои аъзои он соли оянда дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои боварӣ изҳори сипос карда, бо итминони комил иброз дошт, ки ҷаласаи дар Душанбе доиршаванда низ хеле муфиду умедбахш хоҳад буд.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони дигар давлатҳо оид ба масоили сиёсати байналмилалию минтақавӣ , рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ андешаронӣ карданд.

Баъди анҷоми саммит маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гашт, ки дар ҷараёни он 11 ҳуҷҷат ба имзо расид.

Аҳднома дар бораи ҳусни ҳамсоягӣ , дўстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай;

Декларатсияи Бишкекии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай;

Изҳороти муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Шўрои соҳибкорон ва Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай;

Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

Як қатор санадҳои дигар дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ , дар бораи тасдиқи ҳисоботи Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи кори созмон дар соли гузашта, дар бораи тасдиқи ҳисоботи Шўрои муборизаи зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фаъолияти он дар соли 2006.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарварони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум бо изҳорот баромад намуда, оид ба кори ҷаласаи навбатӣ ва умуман фаъолияти гуногунҷабҳаи Созмони Ҳамкории Шанхай назари худро баён доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани «Аҳднома дар бораи ҳусни ҳамсоягӣ , дўсти ва ҳамкории дарозмуддат»-ро рўйдоди муҳимми таърихӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин қадами устуворе буд дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Созмони Ҳамкории Шанхай, ки як ташкилоти ҷавон, вале босуръат рушдкунанда мебошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки мо бо назардошти фаъолияти имрўза ва дурнамои рушди Созмони Ҳамкории Шанхай онро механизми муассир барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию глобалӣ арзёбӣ мекунем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иттилоъ дод, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Фонди рушди Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди дастгирӣ қарор гирифт ва афзуд, ки он бояд истифодаи имконоти инвеститсионии кишварҳои пешрафтаи аъзои созмонро баҳри дастгирии иқтисодию молиявии дигар аъзои он таъмин намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҷаласаи ояндаи созмон таҳти раёсати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Нимаи дуюми рўз сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони саммит дар бинои Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Қиргизистон консерти бошукўҳи устодони санъати давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро тамошо намуданд. ҳунарнамоии аҳли санъати Тоҷикистон бо қарсакзании бардавоми тамошобинон анҷом ёфт, ки аз баҳои баланди онҳо ба ҳунари санъаткорони мо гувоҳӣ медиҳад.

Бо ҳамин қисмати аввали мулоқоти навбатии Сарони дапвлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай анҷом ёфт.

Қобили таъкид аст, ки барои инъикоси ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз 500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори умум аз 20 давлати ҷаҳон ба Бишкек омада буданд.

Барои таъмини кори босамари онҳо аз ҷониби давлати Қирғизистон тамоми шароити корию маишӣ муҳайё гашта буд.

Дар ду ҷо Маркази матбуоти Саммит ташкил дода шуда буд, ки дар онҳо наздики 100 адад компютерҳои бо интернет пайвастшуда, телефон ва факсҳои байналмилалӣ , нуқтаҳои сабт ва пахши маводи телевизионӣ , дастгоҳҳои нусхабардорӣ ва дигар шароити зарурӣ мавчуд буд. Хуллас Марказҳои матбуоти Саммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек бо истифодаи навтарин дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ омода гашта буданд, ки ба кори пурсамари намояндагони воситаҳои ахбори умум ҳамаҷониба мусоидат карданд.

Бегоҳии рўзи 16 август роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҷиҳати иштирок дар машқҳои муштараки низомии «Вазифаи сулҳҷўёна-2007» ба шаҳри Челябински Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар фурўдгоҳи шаҳри Челябинск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Россия ва вилояти Челябинск, Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Россия Абдумаҷид Достиев, намояндагони тоҷикони муқими вилояти Челябинск ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи рўзи 17 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали раиси Маҷлиси қонунбарори вилояти Челябински Федератсияи Россия Евгений Редин ва намояндаи губернатори ин вилоят мулоқоти судбахш оид ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин вилоят анҷом дод.

Муҳокимаи ин мавзўъ дар ҳузури намояндагони мақомоти давлатии вилояти Челябинск бо зиёда аз 100 нафар тоҷикони муқими Челябинск ва дигар минтақаҳои Россия дар толори ҳамин бино идома ёфт.

Байни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни кору фаъолияти тоҷикону дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ ва ё доимӣ дар он ҷо иқомат доранд, гуфтугўи озоду ошкоро сурат гирифт.

Зикр гардид, ки дар шаҳр ва вилояти Челябинск беш аз 12 ҳазор нафар тоҷикон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар тамоми қаламрави Россия бошад беш аз 400 ҳазор нафар аз қайди давлатии иқомат гузаштаанд. Тибқи маълумоти расмӣ дар минтақаҳои гуногуни Россия 68 ҷамъияти тоҷикон ва 160 корхонаи хусусии аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон бунёдгашта фаъолият мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боби нигаҳдорӣ ва рушду нумўи фарҳанги миллӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз ҷумла изҳори қаноатмандӣ кард, ки имрўз дар 55 давлати ҷаҳон ҷамъият ва марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ пурсамар фаъолият мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони муқими Федератсияи Россияро бори дигар ба таълиму тарбияи фарзандони солиму бомаърифат, ҳифзи асолати миллию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлату миллати худ ҳидоят намуд.

Байни Президенти мамлакат ва тоҷикони муқими Челябинск ҳамчунин маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб доир гардид, ки зимни он ҳамватанони мо оид ба ҳаллу фасли баъзе аз мушкилоти ҷойдошта кўмаку дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурсон шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба бартараф намудани камбудию нороҳатиҳое, ки ҳалли онҳо ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳукумат ва сохторҳои дахлдори Россия вобастаанд, ба масъулин ва шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод.

ҳамватанони бурунмарзӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷўҳи бевоситааш ба тақдир ва кору фаъолияти онҳо арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Тоҷикони муқими Россия аз қабул гаштан ва татбиқи босамари қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» изҳори хушнудӣ намуда, онро тадбири хеле муҳимму саривақтӣ маънидод карданд.

Ба андешаи онҳо маҳз харҷу хароҷоти бемаънии расму ойинҳои мардумӣ аз ҷумлаи сабабҳои асосии афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ гашта буданд.

Муовини аввали Раиси Маҷлиси қонунбарори вилояти Челябинск Евгений Редин, ки дар мулоқот иштирок дошт, аз кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи тоҷикон кўмаку дастгирии худро дареғ намедорад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии бинои мазкур бо намояндагони тоҷикони муқими Россия расми хотиравӣ гирифта, онҳоро ба меҳнати поку беолоиш, риояи қонунҳои мавҷудаи ду кишвар ва одобу маърифати анъанавии тоҷикона ҳидоят намуд.

Баъди анҷоми ин мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҷиҳати назорат аз рафти машқҳои муштараки зиддитеррористии «Вазифаи сулҳҷўёна-2007» ба машқгоҳи низомии Чебаркули вилояти Челябинск рафтанд.

Дар машқҳои низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Дар машқҳои низомӣ қувваҳои ҳарбӣ аз Россия, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат намуданд.

Чунонки дар рафти машқҳо зикр гардид, ба онҳо ҷамъулҷамъ беш аз 7 ҳазору 300 нафар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои гуногуни қудратӣ ва ҳифзу ҳуқуқу тартибот ва беш аз 500 адад техникаи гуногуни ҷангӣ сафарбар гашта буд.

Аз ҷониби ҳайати фармондеҳии машқҳо таъкид гашт, ки душмани шартӣ гурўҳҳои хурди террористӣ дар назар дошта шудааст ва аз ин хотир дар онҳо танку тўпхонаҳо ва дигар техникаи вазнини ҷангӣ истифода намешавад.

Аз Тоҷикистон беш аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок намуданд.

Аз баҳои роҳбарони олии сиёсии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва роҳбарияти низомӣ маълум шуд, ки иштирокчиёни машқҳо омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Зикр гардид, ки ҳамаи вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда ба хубӣ иҷро гаштанд.

Аз ҷумла ба маҳорати касбии ҷузъутомҳои низомии Тоҷикистон низ баҳои баланд дода шуд.

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Челябинск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Дар мулоқот маҷмўъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мусоҳибон нахуст аз сатҳи баланди баргузории машқҳои низомӣ ва иштироки фаъоли ҷониби Тоҷикистон дар онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни муҳокимаи масоили густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ -техникии ду кишвар Владимир Путин аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷониби Россия омода аст шумораи зарурии кадрҳои низомиро барои Тоҷикистон омода кунад.

Робитаҳои судбахши байни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия аз самтҳои муҳимми ҳамшарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба ҷараёни корҳо дар сохтмони нерўгоҳи обии барқии Сангтўда-1 баҳои баланд дода, ба татбиқи дигар лоиҳаҳои бузурги инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла нерўгоҳи обии барқии Роғун ҷалб намудани сармоягузорони давлати Россияро ҷавобгў ба муносибатҳои дўстонаи анъанавии байни ду кишвар ва ҳамчунин талаби замони муосир маънидод карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ , авзои кунунии Афғонистон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии қирғизистон ва Федератсияи Россия ба поён расид.

Шоми рўзи 17 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Челябинск ба Душанбе омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520