Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Эмомали Раҳмон барои матбуот баъди анҷоми гуфтушунид бо Алмазбек Атамбаев

27.05.2013 18:29, Қирғизистон

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Сафари расмии ман ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва натоиҷи аввалини он аҳамияти бузургеро, ки ҷонибҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва мушорикати судманд медиҳанд, равшан намоиш доданд.

Мазмуни асосии сафар дар баробари имзои санадҳои дуҷониба, иборат аз табодули мутақобилаи судбахши афкор аз рӯи доираи васеи масоили муҳими дорои хусусияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ буд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои худтанзимкунӣ, таҳким ва рушду густариш нерӯи ғаниро дороанд. Барои ин Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва ду Комиссияи байниҳукуматӣ таъсис ёфта ва фаъолият доранд.

Бинобар ин, вазифаи мо он аст, ки барои истифодаи амалии нерӯи ғании ҳамкории мутақобилан муфид ҳамроҳи мушорикони қирғизамон ҳамаи имконотро рӯи кор орем. Алалхусус барои он ки мо бисёр умумият, аз ҷумла сарҳади тӯлонӣ, шароити ба ҳам монанди табиию иқлимӣ ва сохтори иқтисодӣ дорем.

Мо нақшаҳои калони муштарак дорем, ки мақсад аз ҳуҷҷатҳои имрӯз ва солҳои гузашта имзошуда дар амал татбиқ намудани онҳоанд.

Мо тасмим гирифтем, ки роҳи истифодаи пурратари имкониятҳоро давом диҳем, то муомилоти афзояндаи дуҷонибаи амволро ба куллӣ афзун намоем, лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз қабили КАСА – 1000 – ро дар амал татбиқ кунем, ҳамкории зичи мутақобилан муфидро дар ҳамаи самтҳо роҳандозӣ намоем.

Дар гуфтушунидҳо муносибату принсипҳои асосии ҳалли масоили мураккаби муқаррар намудани хати сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои баҳсноки он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мо ба ҷонибдории дар рӯҳи ҳамсоягии нек, ба таври судманд, тафовуқҳои оқилонаи ҳар ду ҷониб ва ба назари эътибор гирифтани манфиатҳои якдигар ба таври орому оқилона ҳал намудани ин масъалае, ки таърихан боқӣ мондааст, изҳори ақида намудем.

Дар ин манзар фаъолияти зич ва ҳамкории самарабахши сохторҳои дахлдорамон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои имрӯза аз қабили терроризм, ифротталабӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тақозои замонанд.

Ҳар ду ҷониб омодагию манфиатро ба танзими мавқею амал ва дастгирии якдигар дар чунин меъёрҳои бисёрҷонибаи мӯътабар, аз ҷумлаи СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СПАД ва дар ҳошияи сохтору созмонҳои дигари байнидавлатӣ ва байналмилалӣ иброз доштанд.

Мо аз ҷараёну натоиҷи сафар розӣ буда ва барои баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи мушорикати босуръату судманд дар соҳаҳои мухталиф саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳем.

Ман Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович Атамбаевро даъват намудам, ки муколамаи судманди байнидавлатии дар Бишкек суратгирифтаро ҳамчун ташрифи расмӣ дар шаҳри Душанбе давом диҳем.

br

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520