Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Парлумони Қирғизистон Асил Жеенбеков

28.05.2013 09:40, Қирғизистон

Имрӯз боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо мулоқотҳо бо Раиси Парлумон ва Сарвазири  Ҷумҳурии Қирғизистон идома ёфт.

Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхании ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро пос дошт

Дар мулоқот бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Асил Жеенбеков масоили таҳкими асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносиботи ду кишвар ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Ба натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олӣ, ки дирӯз ҷараён дошт ва азми устувори роҳбарияти ду кишвар ба таҳким ва густариши дӯстӣ ва ҳамкории судбахш  баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои густариши бештари робитаҳо пешниҳод намуд, ки гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби намояндагони мардумии ду кишвар таъсис дода шавад.

Дар мулоқот бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев бошад паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520