Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

27.05.2013 20:31, Қирғизистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома миёни Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва аттестатсия намудани кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ;

Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи маълумот доир ба интиқоли молҳо ҳангоми савдои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва барасмиятдарории гумрукии онҳо;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (муҳофизат), огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи ҳамкорӣ барои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон”;

Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба”;

Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон»;

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.
 

 

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520