Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Қирғизистон

27.05.2013 17:52, Қирғизистон

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва  дорои ҳамрангиҳои зиёди ҷуғрофию табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин рӯз дар бустонсарои Алаарчаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши формондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520