Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

23.05.2013 14:32, шаҳри Душанбе

Фарзандони азизам!
Ҷавонони арҷманди мо!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама шумо ва тамоми ҷавонони кишварамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки мо ин санаи муҳимро ҳар сол дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол мегирем, самимона табрик мегӯям.    

Ҳадафи мулоқоти имсолаи мо бо шумо, дар навбати аввал, таҳлили корҳои то имрӯз анҷомгардида дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафту тараққиёти кишвар, баррасии ҳолати воқеии ҳаёту фаъолияти онҳо, муайян намудани вазифаҳои минбаъда  ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. 

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат  ва ҷомеа мебошад.  

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем.                              

Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бинобар ин, мо иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем.

Дар мулоқоти имрӯзаи мо намояндагони ҷавонони мамлакатамон, ки дар кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, инчунин намояндагони онҳое, ки дар давлатҳои хориҷӣ кору фаъолият дошта, дар рушди Ватани худ саҳми арзанда мегузоранд, ширкат доранд. Бо истифода аз фурсат ман ба ҳамаи онҳо ва инчунин кулли ҷавононе, ки дар кишварҳои дуру наздики хориҷӣ дар фикри ободии сарзамини аҷдодии худ, яъне Тоҷикистон ҳастанд, изҳори сипос менамоям.       

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

Ман дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи  шонздаҳуми  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро ба миён гузошта будам ва бовар дорам, ки воқеан ҳам таваҷҷӯҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад. 

Ҳамчунин нуктаи мазкур дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти тамоюли афзоиши мунтазами аҳолии кишвар низ таъкид гардид.  

Тавре ки огоҳ ҳастед, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид. 

Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари шумо ҳанӯз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ дучор омад.

Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва  ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.  

Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.

Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. 

Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири рушди варзиш ва сайёҳии мамлакат аз соли 2006 идораи ин соҳаҳо ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори сиёсати ҷавонон вогузор гардид.   

Дастовардҳои варзишӣ ва сайёҳии кишвар тайи солҳои охир собит намуданд, ки ҷавонони мо фарҳанги сулҳу дӯстӣ, табиати биҳиштосо ва иқтидору имкониятҳои кишвари худро барои ҷаҳониён ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ карда метавонанд.      

Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани онҳо то имрӯз дар маҷмӯъ 840 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки  дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.                                                                                                  

Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир мо ба таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти зарурӣ дода, дар баробари дигар манбаъҳои иттилоотӣ Китобхонаи миллиро сохта, бо таҷҳизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода супоридем.

Мо итминон дорем, ки ин боргоҳи маърифат ба макони дӯстдоштаи ҷавонони кишвар ва манбаи рушди зеҳнии онҳо табдил меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки барои рушди китобхонаҳо танҳо дар 8 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ равона гардида, дар соли 2013 бо ин мақсад 33 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Тайи солҳои истиқлолият дар баробари афзоиши аҳолӣ маориф самти стратегии сиёсати давлат эълон гардида, дар доираи маблағгузории давлатӣ қисми зиёди инфрасохтори соҳа аз нав сохта шуд.

Ҷиҳати беҳдошти шароити тарбия ва таҳсили хонандагон солҳои 2001 – 2012 зиёда аз 1500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои толибилмони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 интернат бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароити муосир сохта, ба истифода дода шудааст, ки маблағи умумии масрафшуда 2,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ  дар даҳ соли охир зиёда аз 440 миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо ин мақсад танҳо дар соли 2013 беш аз  81 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар зиёда аз як миллиону 700 ҳазор нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

Айни  замон  дар  84 мактаб – интернати  мамлакат  бештар  аз      11 ҳазор нафар кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва дар литсейҳои президентӣ барои хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёда аз 4000 нафар толибилмони наврас таҳсил намуда истодаанд.  

Баъди навсозии мактабҳои миёнаи умумӣ фарогирии ҷавонону наврасон ба муассисаҳои таҳсилотӣ боз ҳам беҳтар гардида, танҳо дар соли 2012 мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро тақрибан 170 ҳазор нафар хатм намудаанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қариб ду миллиону 300 ҳазор нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро хатм кардаанд.   

Тибқи маълумот дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки қариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон таҳсилро идома дода истодаанд.

 Илова бар ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.   

Ҳамчунин зиёда аз 300 нафар  ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон - «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ҳоло 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд.

Лекин бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2012 - 2013 ба 65 ҷойи муқарраршуда барои барандагони стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон довталабон ҳамагӣ ба се ихтисос - ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва тиб ҳуҷҷат супоридаанд.

Чунин муносибати масъулон ва ҷавонон нисбат ба интихоби тахассус  мувофиқи мақсад нест, зеро тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, геологу мутахассисони коркарди маъдан ва барномасозону табибони сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад.

Бинобар ин, Вазорати маориф бояд дар самти танзими масъалаи фиристодани ҷавонони боистеъдод ба хориҷи кишвар дар доираи стипендияи Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо интихоби довталабонро тибқи нақшаи дурнамои эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ ба кадрҳо  ба роҳ монад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки мо имрӯзҳо доир ба ғолибияти толибилмони кишварамон дар мусобиқа ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз воситаҳои ахбори омма зуд-зуд хабарҳои хуш мешунавем, ки ин албатта самараи неки саъю талоши наврасону ҷавонон, заҳмати шабонарӯзии устодону омӯзгорони мӯҳтарами мо ва масъулони соҳаи маориф мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”,  грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.    

Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои  1993 – 2012 қариб 1000 нафар ҷавонон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст.

Барои сохтмон ва таҷдиди иншооти варзишиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ солҳои 2001 – 2012 қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардида, бо ин мақсад танҳо дар соли 2013-ум 240 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони ватандӯсти кишвар даҳҳо иншооти варзишӣ ба маблағи умумии 60 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Умуман дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои иловагӣ ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонон қариб 1,4 миллиард сомонӣ маблағҳо равона гардида, танҳо дар соли ҷорӣ 370 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 чор баробар зиёд мебошад.

Барои омода намудани кадрҳо дар самти варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ва аз ҳисоби фонди махсуси Президенти мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ дар ҳашт соли охир қариб 200 миллион сомонӣ равона шуда, ин нишондиҳанда дар соли 2013 - ум 58 миллион сомониро ташкил мекунад, ки назар ба соли 2005 ҳафтуним баробар зиёд мебошад.

Баъд аз вохӯрии Роҳбари давлат бо варзишгарони кишвар – яъне дар зарфи ду соли охир аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қариб 2400 толору майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 242 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 500 то 2000 нафар иштирокчиёну мухлисон имкони иштирок намудан доранд.  

 Маҳз натиҷаи ҳамин азму талошҳо буд, ки теъдоди федератсияҳои варзишии кишвар имрӯз  ба зиёда аз 50 адад расида, шумораи ҷавононе, ки бо намудҳои гуногуни варзиш машғуланд, то 15 фоиз афзудааст. 

Дар ду соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи  байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, аз ҷумла 210 тилло, 208 нуқра ва 312 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар ҳамин давра варзишгарони Тоҷикистон 19 маротиба унвони чемпиони ҷаҳон, 70 маротиба унвони қаҳрамонони мусобиқаҳои Осиёро ба даст оварда, дар 64 мусобиқаи ҷаҳонӣ ва 156 қувваозмоии Осиё соҳиби ҷоиза гардидаанд.                                                                                                   

Лозим ба ёдоварист, ки варзишгарони Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ аз мусобиқаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва ҷаҳон ҳамагӣ 113 медал ба даст оварда, танҳо 10 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ ба унвони чемпиони ҷаҳон сазовор шуда буданд.

Бо истифода аз иншооти нави варзишии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бори нахуст дар кишвар соли гузашта чемпионати Осиё баргузор шуда, тибқи ризоияти Федератсияи байналмилалии таэквондо соли 2014 баргузории мусобиқаи ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, ба ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар такид месозам, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи қабулшудаи давлатиро доир ба бунёди иншооти варзишӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим  рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ эълон карда шавад.

Давлату Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ медиҳад.

Ҳар сол шумораи аҳолии мамлакат то 200 ҳазор нафар зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар зарфи бисту як соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 4 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шудааст.

Айни   замон    теъдоди    кӯдакону   наврасони   то   синни  15 - сола 2 миллиону 800 ҳазор нафар ё 35,3 фоизи аҳолӣ ва шумораи аҳолии синни 14 – 30 сола, яъне ҷавонон зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар ё 34,4 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии шаҳрвандони то 30 - солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 фоизи аҳолӣ мебошад.  

Таносуби кӯдакон ва ҷавонон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори синнусолии аҳолӣ аксаран аз ҷавонон иборат буда, синни  миёнаи аҳолии мамлакат 25 солро ташкил медиҳад.

Ҷавонони азизу муҳтарам!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст.  

Ҳарчанд солҳои охир маблағгузории давлатӣ ба соҳаҳои илму маориф мунтазам зиёд мегардад ва барои дастгирии давлатии аспирантҳои муассисаҳои илмӣ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, вале ҷавонон ҳанӯз ҳам ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ нисбатан кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамин аст, ки имрӯз норасоии олимони ҷавон дар баъзе соҳаҳои илм бараъло эҳсос мегардад.

Таҳлили ҳолати ба илм машғул будани ҷавонон нишон медиҳад, ки аз 2400 нафар омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳамагӣ 440 нафарашон дорои унвону дараҷаҳои илмӣ мебошанд.

Дар Академияи илмҳои мамлакат ҳоло аз 270 нафар олимони ҷавон ҳамагӣ 26 нафар унвони номзади илм доранд.

Ҳол он, ки тибқи квотаи президентӣ ҳар сол даҳҳо нафар аспиранту докторантҳо ба марказҳои илмии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода мешаванд.

Тибқи таҳлилҳо олимони ҷавон бештар ба илмҳои гуманитарӣ, ҳуқуқ ва иқтисод майл доранд. Имрӯз аз 146 нафар унвонҷӯёну аспирантҳо аксарашон доир ба илмҳои гуманитарӣ таҳқиқот мебаранд.

Аз тарафи дигар, баъзе олимону мутахассисони куҳансолу соҳибтаҷриба ба раванди омодасозии кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон чандон эътибор намедиҳанд. Ин омил метавонад ба рушди минбаъдаи илм ва соҳаҳои мухталифи мамлакат монеаи ҷиддӣ эҷод намояд.

Ҳамин аст, ки ҳоло синни миёнаи аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи илмҳои мамлакат  71 солро ташкил медиҳад.

Як сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъ набудани робитаи зарурӣ дар байни мутахассисони собиқадор ва кадрҳои ҷавон мебошад.

Гузашта аз ин, сифати корҳои илмии мутахассисони ҷавон муносибати комилан навро тақозо дорад. Зарур аст, ки самара ва натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.

Аз ин рӯ, мо соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда будем.

Бо дарназардошти аҳамияти таҳқиқ ва истифодаи ҳарчи васеътари канданиҳои фоиданоки мамлакат ман чандин бор таъкид карда будам, ки мо бояд ба рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди табиии кашфношуда мебошад.

Олимону мутахассисони мо бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки барои иктишоф ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, инчунин ихтирои техникаву технология ва умуман кашфиёту ихтироъкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

 Вобаста ба ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тақвият бахшидани фаъолияти марказҳои илмиву таҷрибавӣ ва таълимиву истеҳсолӣ талаботи рӯз мебошад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки роҳҳои дастгирии ҳамаҷонибаи олимони ҷавон, унвонҷӯёну муҳаққиқони лаёқатманду соҳибистеъдодро дар самти ихтироот ва таҳқиқоти илмиву техникӣ ва технологӣ пайдо намуда, дар ин ҷода чораҳои дахлдор андешанд. 

Шумораи умумии қувваи қобили меҳнати мамлакат ба ҳолати аввали соли 2013-ум 4 миллиону 900 ҳазор нафар буда, теъдоди ҷавонони синну соли қобили меҳнат беш аз 50 фоизро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар идоракунии давлатӣ қариб 8000 нафар ё зиёда аз 40 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 39,7 сол мебошад.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки минбаъд низ раванди  боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсилу касбомӯзӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави кориро, пеш аз ҳама, барои ҷавонон вусъат бахшида, ба масъалаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати хизмати давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба ҷавонони лаёқатманде, ки дорои донишу малакаи хуб мебошанду забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосирро дар сатҳи аъло медонанд, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. 

Тавре огоҳ ҳастед, аз соли 1997 барои духтарон, инчунин аз соли 2005 барои ҷавонписарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон квотаи Президентӣ муқаррар шудааст.  

Бо дарназардошти эҳтиёҷот минбаъд миқдори квотаи президентӣ дар як сол аз 200 ба 1200 расонида шуд. 

Тӯли солҳои 1997 – 2012 тибқи квотаи президентӣ 8600 нафар, аз ҷумла 5900 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 4430 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ба ҷойҳои кори таъингардида фиристода шудаанд.

Ҳарчанд ин механизм қариб даҳ сол инҷониб амалӣ мегардад, бояд дар шароити феълӣ амалияи омодасозии мутахассисонро аз рӯи квотаи президентӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти шаҳру ноҳияҳо вусъат дода, муносибат ба масъалаи интихоб, таҳсил ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани чунин кадрҳо куллан тағйир дода шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани донишҷӯёни тибқи квота таҳсилнамуда аҳамияти зарурӣ дода намешавад.

Ҳамзамон бо ин, сохторҳои масъули кор бо ҷавонон, занон ва маорифи мақомоти маҳаллӣ низ ба назорати ҷобаҷогузории чунин кадрҳо диққати ҷиддӣ намедиҳанд.                                          

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҳангоми таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2016 талаботи воқеии шаҳру ноҳияҳоро ба мутахассисон, дар навбати аввал, мутахассисони ҷавони тибқи квота таҳсилнамуда ба инобат гирифта, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғли доимӣ фаро гирифтани ҷавонон чораҳои зарурӣ андешанд.  

Танҳо соли ҷорӣ ҷиҳати пардохти стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои донишҷӯёни лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, инчунин дигар намудҳои стипендияи давлатӣ  қариб 45 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, аз соли 1993 то ба имрӯз аз буҷети давлатӣ барои пардохти стипендияҳои  донишҷӯён қариб 170 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ва тавре огоҳед, аз 1-уми сентябри соли равон стипендияҳо боз 20 фоиз баланд карда мешаванд.         

Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон бо қарорҳои дахлдори худ, аз ҷумла доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок барои бунёди манзил ва таъсиси хоҷагии ёрирасон як қатор имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намудааст.

Айни замон дар маҳалҳо Барномаи дастгирии оилаҳои ҷавон барои таъмин бо манзил амал менамояд. Вобаста ба татбиқи барномаи мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе маҷмааи манзилии ҷавонон иборат аз 8 хонаи нӯҳошёна сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавон ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил қарори Ҳукумати  Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул гардид, ки ҳазорон оилаҳои ҷавон аз он баҳравар гардиданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ 131 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шудааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз як миллиону 240 ҳазор оила бо қитъаҳои замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардидаанд, ки 870 ҳазори онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.

Танҳо дар чор соли охир беш аз 27 ҳазор гектар замин ба 220 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла ба 153 ҳазор оилаи ҷавон барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ тақсим карда шудааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо ва ҷараёни татбиқи қарори зикршуда барои қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти ҷавонон ва оилаҳои онҳо ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд.

Бинобар ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои татбиқи ҳатмӣ ва саривақтии қарори зикргардидаи Ҳукумат ва дастгирии мутахассисони ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешида, доир ба ҷараёни иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумат ҳисобот пешниҳод намоянд.        

Дар зарфи бисту як сол дар мамлакат қариб 190 ҳазор хонаи истиқоматии бисёрошёна ва дигар навъҳои хонаи истиқоматӣ аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои хусусӣ ва шахсони воқеӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки қисми онҳо низ ба оилаҳои ҷавон, омӯзгорону мутахассисон ва олимони ҷавон дода шудааст.

Бояд гуфт, ки гарчанде аз ҷониби бонкҳо барои хариди манзил қарзи ипотекӣ дода мешавад, вале қоидаҳои баргардонидани қарз ҳоло ҳам бениҳоят вазнин мебошад. 

Аз ин рӯ, имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки ба Қонун “Дар бораи ипотека” тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.        

Ҳамчунин ба хотири танзими муносибатҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла бо тақозои воқеияти рӯз ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон зарурате ба миён омадааст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Бо ин мақсад, ба Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ то охири соли ҷорӣ ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани муқаррароти Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон пешниҳод манзур намоянд.

Итминон дорам, ки бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар мо минбаъд низ раванди дастгирии ҷавононро идома медиҳем ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои кору зиндагии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунем.

Ҷавонони азиз!

Таҳлили масъалаҳои ҳалталаби фаъолияту рӯзгори шумо тибқи дархостҳое, ки ба сомонаи Президенти кишвар то баргузории вохӯрии имрӯза ворид шудаанд, нишон медиҳад, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.  

Масъалаи ҷиддии ҳаёти имрӯзаи ҷавонони мо бекорӣ мебошад, ки ҳалли он яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи бекорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаи шароитро фароҳам овардааст.        

Таҳлили ҳайати синнусолии соҳибкорони инфиродӣ нишон медиҳад, ки аз 189 ҳазор субъектҳои дар ин самт фаъолияткунанда қариб 51 ҳазори онҳо ҷавонон мебошанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. 

Бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар самти механизми ташаккули низоми устувори соҳибкорӣ ва таъмин намудани рушди марказҳои муосири татбиқи навгониву ихтироот дар бахшҳои истеҳсолӣ як қатор мушкилот вуҷуд доранд. 

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои дастгирии ҷавонон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо истифода аз имконияту захираҳои  мавҷуда Барномаи минтақавии рушди фаъолияти соҳибкориро қабул ва амалӣ намоянд.  

Илова бар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андозро зарур аст, ки масъалаи таъсис додани Фонди молиявии дастгирии соҳибкории хурд ва ташкили курсҳои омӯзиширо барои соҳибкорони ҷавон мавриди омӯзиш қарор диҳанд.  

Дигар масъалаи муҳими рӯз, ки ба ҳаёти ҷавонон вобастагӣ дорад, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳоло раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан доираи бештари ҷавонони кишварро фаро мегирад.

Имрӯз аз шумораи умумии шаҳрвандони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, беш аз 50 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мо ба хотири танзими масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандонамон ба хориҷи кишвар Хадамоти муҳоҷиратро таъсис дода, дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии кишварамон нисбатан зиёданд, сохтор ва намояндагии давлатии муҳоҷират ташкил кардаем.

Бо дарназардошти ин, ки муҳоҷират як раванди табиии ҷаҳони муосир мебошад, давлату Ҳукумат доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба он мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Вале бояд гуфт, ки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар ин самт чандон қонеъкунанда нест.

Назорати масъалаҳои кор бо муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, кору фаъолияти онҳо дар хориҷи кишвар ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷавонони муҳоҷир ҳангоми дар хориҷа қарор доштани онҳо ва баъди бозгашт ба маҳалли зисташон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

 Ҳамчунин барои ба талаботи давлатҳои пазирандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобгӯ будан зарур аст, ки вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо   ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ташкилӣ ва омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин ҷода кӯшиш бояд кард, ки ҷавонони мо бо тайёрии зарурӣ ба хориҷи кишвар рафта, бо сабаби надонистани забон ва меъёрҳои оддии муносибату муошират бо кордиҳандагон ба мушкилот дучор нашаванд.

Ба ҳамаи сохторҳои марбутаи кишвар, бахусус ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ, Хадамоти муҳоҷират, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла касбомӯзиву такмили ихтисос, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи расмиёти қонунии давлатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ  фаъолияти хешро ҳамаҷониба тақвият бахшанд.

Дар баробари ин, бори дигар ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид менамоям, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ доир ба ташкили шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои кории доимӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар, инчунин ҷойҳои кории мавсимӣ барои занону духтарони маҳаллӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур чораҷӯӣ карда истодаем.

Аммо дар баробари ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд.

Аз шумораи беш аз 1800 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таҳсилоти динии давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, зиёда аз 1600 нафарашон бозпас гардонида шуданд.

Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар баробари ин, барои риоя накардани муқаррароти Қонун „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ танҳо дар се моҳи соли 2013 нисбат ба 3100 нафар падару модарон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд.

Хотиррасон менамоям, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Дар шароити ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад, ки доир ба корҳои дар ин самт иҷрошуда аллакай гуфта гузаштам.

Дар кишвар то имрӯз 66 маркази ҷавонон таъсис ёфтаанд. Вале тибқи таҳлилҳо ин марказҳо ба ҳалли масъалаи ҷалби ҷавонон ба шуғл  чандон мусоидат накарда истодаанд.

Илова бар ин, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф дар сохтори худ садҳо марказҳои таълимии калонсолон, коллеҷҳо ва литсейҳои касбиву техникӣ доранд, ки аз имкониятҳои онҳо барои тарбияи кадрҳои коргарӣ, ба ҷавонони бекор омӯзонидани касбу ҳунарҳои зарурӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон бо шуғли доимӣ васеъ истифода кардан зарур аст.

Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад.  

Вале чунонки мушоҳида мегардад, имрӯз баъзе бемориҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, инчунин тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш доранд. 

Худатон қазоват кунед, ки мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ ва тамокукашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. 

Махсусан ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Дар тӯли даҳ соли охир қариб 6 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 174 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Инчунин бо иштироки онҳо дар даҳ соли охир 33 ҳазор ва дар се моҳи аввали соли равон 1050 ҷиноят содир гардидааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 26 ҳодисаи ба қатл расонидани падару модарон аз тарафи фарзандон, аз ҷумла 11 ҳодисаи аз ҷониби ҷавонон рух додани чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Боиси таассуф аст, ки дар зарфи панҷ соли охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди кишвар 8 ҳазор ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Қариб 57 фоизи ин ҳодисаҳои нохуш, яъне 4480 садамаи нақлиётӣ бо гуноҳи ронандагони ҷавон рӯй додааст, ки дар натиҷа 1184 нафар ба ҳалокат расида, 5278 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби ронандагони ҷавон 42 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба амал омадааст.

Аз соли 2012 то имрӯз 17 садамаи нақлиётии оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳар ҳодиса аз ду то чор нафар аъзои оила ҳалок гардидаанд.

Инчунин ҳодисаҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода намудани нақлиёт дар маъракаҳо 650 ҳолат ва 127 ҳолати бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омадани ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо фарзандони шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони номдор мебошанд.

Ҳоло 21,7 фоизи маҳкумшудагонро дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷавонон ташкил медиҳанд.

Падидаи дигаре, ки дар баробари нашъамандӣ, худкушӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, сироятёбӣ ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мебошад.

 Дар зарфи беш аз бист сол қариб 5000 нафар шаҳрвандони кишвар  мубталои ин беморӣ шудаанд, ки 3630 нафари онҳо мардон ва 1270 нафарашон занон буда, 813 нафари онҳо фавтидаанд.

Аз шумораи умумии сироятшудагон 3550 нафарашон шаҳрвандони аз 19 то    39 -сола мебошанд.

Дар Тоҷикистон ин беморӣ бори аввал соли 1991 ба қайд гирифта шудааст, ки он сол ҳамагӣ 2 нафар сироят шуда буд.

Дар тӯли 21 сол ин беморӣ афзоиш ёфта, дар давоми соли 2010-ум 1004 нафар сироятшудагон ба қайд гирифта шудаанд. 

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти прокуратура, Хадамоти муҳоҷират, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои пешгирӣ намудани ҳама гуна қонуншиканӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва муборизаи оштинопазир бар зидди ин падидаи нангин, ҳамчунин таъмини волоияти қонун ва ташвиқу тарғиби доимии тарзи ҳаёти солим мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки  мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи оид ба корҳои дин, Академияи илмҳо ва Маркази исломшиносӣ масъалаи зикршударо ҳамаҷониба омӯхта, оид ба роҳҳои ҳалли он ба Ҳукумат хулосаи мушаххас манзур намоянд. 

Яке аз омилҳои муҳими ташкили ҷомеаи демократӣ бунёди оилаи солим мебошад. Ин раванд дар ҷомеаи мо бо низоми суннатӣ инкишоф меёбад. Вале дар баробари ин, нишонаҳои ба оиладорӣ тайёр набудани як қисми ҷавонон торафт бештар ба назар мерасанд, ки онҳо боиси   афзудани вайроншавии оилаҳои ҷавон мегарданд. 

Агар дар давоми соли 2011 дар миқёси кишвар 94 ҳазору 600 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2012-ум ба 97 ҳазору 800 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2011 3200 ақди никоҳ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, соли 2011-ум 6800 ва соли 2012-ум 7600 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум  800 оилаҳои ҷавон зиёдтар вайрон шудаанд.

Мусаллам аст, ки дар аксар мавридҳо зимни вайроншавии оилаҳо аз ҳама бештар занону духтарон ва кӯдакони хурдсол зарари моддиву маънавӣ мебинанд.

Барои рафъи ин мушкилот ва пешгирӣ кардани вайроншавии оилаҳои ҷавон зарур аст, ки тамоми аҳли ҷомеа, бахусус пирони рӯзгордида, аҳли зиё, омӯзгорон ва падару модарон бо мақсади омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ корҳои тарбиявиро  тақвият бахшанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки медонед, дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд.

Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти  ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад.

Вале дар баробари ин, мо борҳо таъкид кардаем, ки бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернет риоя карда шавад.

Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва ҳатто ба безурётӣ оварда мерасонад.

Имрӯз ҷойгиркунии истгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ дар бомҳо ва девори биноҳои истиқоматӣ сокинонро ба ташвиш овардааст. Тавре ки огоҳ ҳастед, аз соли 2008 ҷойгиркунии чунин истгоҳҳо дар боми беморхонаҳо ва дар ҳудуди мактабҳо манъ карда шудааст.

Табибон таъсири алоқаи мобилиро дар бадани кӯдакон омӯхта, ба хулоса омадаанд, ки бинобар ҳассос будани бадани кӯдак зарари телефон дар онҳо бештар ҳис карда мешавад. Бинобар ин, дар Британияи Кабир аз соли 2001 инҷониб фурӯши телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва мактаббачагон манъ гардидааст.

Оқибати таъсири телефони мобилӣ ба организми инсон бо мурури замон аён мегардад. Олимони Ирландия исбот намудаанд, ки хасташавии умумӣ, парешонхотирӣ, вайроншавии хоб, заиф гардидани масуният, пайдоиши бемориҳои гуногуни мағзи устухон ва ғадудҳои эндокринӣ нишонаҳои шуохӯрии аз ҳад зиёд буда, баъд аз се соли истифодабарии телефонҳои мобилӣ хавфи пайдошавии омоси мағзи сар се баробар зиёд мегардад.

Дар баробари зарари ҷисмонӣ аксари наврасону ҷавонон аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд. 

Бо вуҷуди таъкидҳои мунтазам ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бозори истифода ва хариди телефонҳои мобилӣ торафт меафзояд. Агар дар соли 2010 шумораи умумии муштариёни телефонҳои мобилӣ дар мамлакат 6 миллионро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 10 миллион расидааст.

Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет аз 1,3 миллион то ба 3 миллиону 730 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Яъне ин нишондиҳанда танҳо дар ду соли охир се баробар зиёд гардидааст.

Тавре ки ҳоло ҳам мушоҳида мегардад, баъзе хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбии мамлакат дар масъалаи пайдо намудани ҷойи кори мувофиқ ва шуғли сазовор душворӣ мекашанд. 

Сабаби чунин ҳолат на танҳо дар надоштани омодагии касбӣ, балки дар мувофиқат накардани тахассуси онҳо ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Ин масъала садди роҳи корфармоён ва аҳолии қобили меҳнат гардида, боиси коҳиш ёфтани қобилияти рақобати кадрҳо дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат мешавад. 

Бинобар ин, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифро зарур аст, ки ҷиҳати дарёфти механизми мушаххаси ҷалби мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат ва рақобатпазирии онҳо тавассути баргузории озмуни ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Масъалаи дигаре, ки ба таври доимӣ таъкид менамоям, ба ҷои кори таъиншуда тибқи роҳхат нарафтани мутахассисони ҷавон мебошад.

Тибқи маълумот дар давоми 5 соли охир қариб 25000 нафар хатмкардагони ихтисосҳои омӯзгорӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ба муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар сафарбар карда шудаанд.

Вале аз шумораи зикршуда беш аз 5 ҳазор нафар ё 20 фоизи хатмкардагон ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.

Ҷавонони азиз!

Дар робита бо масъалаҳои таҳлилшудаи ҳаёти ҷавонон ва таъмини ояндаи дурахшони насли наврас мехоҳам хотирнишон созам, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷуда муносибати бисёр ҷиддии масъулини тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, устодону омӯзгорон, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа, аз ҷумла худи шумо - ҷавонони бонангу номуси Ватанро мехоҳад.

Насли ҷавон бояд дар рӯҳияи солиму созанда ва ҳамқадами ҷаҳони муосир таълиму тарбия гирад. Мо бояд аз низоми муосиртарини таҳсил барои тарбияи насли наврас истифода намоем.

Ҳоло имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт зиёданд ва чунонки доим таъкид месозам, барои амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳои нек танҳо завқ ва хоҳиш зарур аст.                                                                                                  

Бояд низоми самаранок ва доимамалкунандаи аз зинаи мактаби миёна ба мактаби олӣ интиқол додани толибилми босавод ва аз мактаби олӣ ба истеҳсолот пешкаш намудани кадри дорои сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, зарур аст, ки ба масъалаи омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ҷавонон эътибори қатъӣ зоҳир гардад.

Аз ҷумла зиёд намудани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, таҳияи  методика ва барномаҳои пешрафтаи таълими забонҳои хориҷӣ ва ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаро ба нақша гирифта, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шакли ягона амалӣ кардан зарур аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.

Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ барои мо ва махсусан барои наврасону ҷавонони сарзаминамон Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамон моҳияти ҳаётан муҳим доранд.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.            

Самимона ва сидқан дӯст доштани ин Ватан ва ин сарзамин, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва саъю талош кардан ба хотири ҳифзу густариши онҳо, инчунин оштинопазир будан бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ дар маҷмӯъ андешаи миллиро ба вуҷуд меорад.

 Андешаи миллӣ раванди инкишофи ҷаҳонбинии афроди миллатро тақвият бахшида, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.

Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд.

Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш – ба сӯи ободиву пирӯзиҳои нав барад.

Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли ҷавон бояд ба яке аз самтҳои асосии рушди давлатдории миллии мо табдил ёбад.

Арзишҳои умумимиллии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавонон бошанд.

 Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо – ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.                                                                      

Ҷавонони мо чун насли ояндасози Ватанамон бояд ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забони давлативу забонҳои хориҷӣ бошанд.

 Ҳар як ҷавон  бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад. 

Бо истифода аз фурсат бори дигар таъкид менамоям, ки Ватани муқаддасамонро ҷуз худи мо ва махсусан ҷавонон каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз мову шумо вобаста мебошад.

Зеро мо - насли имрӯза ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар карда истодаем. Ва шумо низ вазифадор ҳастед, ки имрӯз илму дониш ва касбу ҳунар омӯзед, фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонед. 

Ман дар суханрониву сӯҳбатҳои худ доим таъкид менамоям, ки Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб, яъне мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос обод карда, ба он шаъну шӯҳрат бахшида метавонанд.                                                                                                             

Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳими дигарро низ хотирнишон созам, ки як ҷузъи анъанаву суннатҳои неки миллиамон мебошад.

 Ба аксари мутлақи шумо падару модаратон ё дигар шахсони соҳибмаърифату хирадманд номҳои хубу хушоянди тоҷикӣ мондаанд.  Дар навбати худ шумо низ бояд ин суннати некро идома бахшида, ба фарзандони худ номҳои пурмаънӣ, зебо ва хушоҳанги тоҷикӣ гузоред ва дар хотир дошта бошед, ки номи хуб низ шарофат дорад ва инсонро тарбия мекунад.

Осори адабии гаронбаҳову оламшумули тоҷикон ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил буда, сарчашмаи пурғановатест, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва мардумони дигар нақши пурарзиш бозидааст.

Мо метавонем дар осори пурқимати гузаштагонамон ҳазорон байтро дарёбем, ки дар онҳо ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва умуман калонсолон, расидан ба қадри заҳмати онҳо бисёр соддаву фаҳмо баён шудааст.

Аз ҷумла бузургонамон фармудаанд:

Ин ҷаҳон боқист бар аҳли башар
Бо дуои модару панди падар.

Ҳамчунин дар боби эҳтироми падару модар дар каломи осмонии Худованди мутаъол чунин омадааст: “Ва амр кардем инсонро ба муомилаи нек кардан бо падару модар”. 

Ба ҳамин маънӣ Расули Худо роҷеъ ба мақому манзалати падару модар чунин зикр намудаанд: “Модар (ва падар) дарвозаи миёни биҳиштанд, агар мехоҳӣ он дарвозаро аз даст деҳ ва (агар мехоҳӣ) онро барои хеш ҳифз намо”.

Фарзандони азиз!

Агар аз ман пурсанд, ки дар бораи ояндаи Тоҷикистон чӣ андеша дорам, ҷавоби ман чунин хоҳад буд: “Ман ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинам, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа  бошад”.

Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, нерӯманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар ҳама ҷой бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки “Ман тоҷикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балъамӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғазоливу  Имоми Аъзам ва садҳову ҳазорон фарзонаҳову алломаҳо ҳастам.  

Ман Ватани зебо ва давлати ободе дорам, ки номи муқаддаси он Тоҷикистони озод аст.

Ман аз ин ватан ифтихор дорам, онро соҳибӣ мекунам ва обод месозам. Ман ҳастии худро, ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшам!”

Бигзор, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!    

Бигзор, ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳоро баланд афрохта, доимо дар сафи пеши созандагони Ватан қадам гузоранд!   

Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад!

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520