Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

11.01.2006 14:00, Қазоқистон

Рӯзи 10 январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Нурсултон Назарбоевро бори дигар ба муносибати такроран ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти роҳбарии ӯ ва ба давлати Қазоқистон комёбиҳо таманно намуд.

Дар мулоқоти сарони ду давлат масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳарду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, ки рушду тақвияти муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии давлати мост.

Ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо, саноат, энергетика, иҷтимоиёт ва амният дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва роҳсозӣ, ки ҳамчунин аҳамияти зиёд барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ доранд, ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

Ҷонибҳо ба масоили фаъол намудани комиссияи байниҳукуматӣ ва муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории байнидавлатӣ таваҷчӯҳи хоса зоҳир карданд. Ҷониби Қазоқистон барои кӯмак ба Тоҷикистон дар самти омода кардани кадрҳои низомии сарҳадбонӣ ва ҷудо намудани маводи сӯхту молиданӣ изҳори омодагӣ намуд.

Дар мулоқот доир ба як қатор масоили минтақавию ҷаҳонӣ, мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва дарёфти самтҳои нави ҳамкорӣ табодули назар карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Қазоқистон бо сафари расмӣ ташриф орад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд. Мӯҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520