Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва дурнамои умедбахши ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз татбиқи босамари лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе Турсунзода ва Айнӣ Панҷакент, ки бо сармоягузории грантии Бонки осиёии рушд сурат мегирад ва лоиҳаҳои дигари оянда чун навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб Ховалинг, лоиҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз гармии офтоб бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ грант изҳори қаноат карда шуд.
Шиаоу Жао изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд омода аст, ба омодасозии лоиҳа, имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мусоидати фаъол намояд.
Ҳамчунин доир ба арсаҳои нави ҳамкорӣ дар оянда табодули андеша карда шуд.