Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Гаоли

21.05.2013 01:13, Чин

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Гаоли масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии имзошуда ва тавофуқоти зиёди дигар, ки миёни Тоҷикистону Чин ҳосил гардидааст, баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҷалби сармояи соҳибкорию хусусӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷойи аввал баромадааст. Тавре таъкид гардид, тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд дар сатҳи ҳамшарикии стратегӣ нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар бо суръати аз ин бештар боло мераванд.

Модели нави ҳамкорӣ, ки барои рушди муштараки иқтисодӣ ва шукуфоии Тоҷикистону Чин интихоб гардидааст, таҷрибаи нодиру ибратбахш ва арзандаи дастгирии доимӣ номида шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520