Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин

20.05.2013 10:55, Чин

Субҳи имрӯз дар шаҳри Пекин мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин баргузор гардид.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саҳни бинои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ ҷараён гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Дар оғози мулоқоти сатҳи олӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро бори дигар ба муносибати ба мақоми олии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: “Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дорад”.

Ҳамчунин таъкид гардид: “Муносиботи ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя ба наздикии мавқеъҳо доир ба ҳамаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мувофиқати устувори қавлу амали Чин дар рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон такя мекунанд”.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин кишвари дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард”.

Ба сатҳи стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Чин дорои манфиати зиёд барои ҳарду ҷониб номида шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки аз ин ба баъд дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин марҳилаи нав оғоз ёфта, уфуқҳои васеи ҳамгироӣ боз мегарданд.

Бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳанӯз соли 2011 ҳаҷми мубидилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашта буд. Тавре зикр гардид, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст.

Ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Аз ҷониби Чин иттилоъ дода шуд, ки дар арафаи ин сафар барои қабули ройгони донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар 30 бурсияи (квотаи) иловагӣ ҷудо карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки барои ба сатҳи стратегӣ расондани муносиботи ду кишвар Барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои 2014-2019 таҳия қабул карда шавад. Ҳамчунин ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчуунин доир ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин робита таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амнияти минтақавӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, зоҳир гардид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ, зимни маросими имзои санадҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ;

Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати сифат ва карантини Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ барои содироти меваҷоти тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин;

Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Созишномаи қарзӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Чин;

Ду Созишномаи қарзӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин дар бораи маблағгузории лоиҳаи “Шаҳри бехатар” оид ба идораи шабакаи автоматии роҳи мошингард ва лоиҳаи навсозии зеристгоҳи барқии 500 киловолтаи Регар;

Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Dong Ying Heli Investment and development co. Ltd – и Чин оид ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон.

Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 миллион юан (32,2 миллион доллари амрикоӣ) грант ё худ кумаки бебозгашт расонда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520