Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

19.05.2013 15:45, Таиланд

Дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Тайиланд Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” ба кори худ шурӯъ намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ доир ба масоили об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони дигари воломақом аз кишварҳо ва созмонҳои сершумор ба ин ҷо ташриф овардаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳамоиш ба ҳайси роҳбари кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар ҷаҳон доир ба ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об даъват шудааст.

Тавре зикр гардид, ин ҳамоиш ва бисёр чорабиниҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба об дар доираи даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ки ҳарду бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва эълон гардидааст, баргузор мегардад.

Муовини сарвазир, Раиси комиссияи идораи об ва пешгирии офатҳои Шоҳигарии Таиланд Плодпрасоп Сурасвади изҳори сарфарозӣ намуд, ки бинои нави барои маҷлисҳои бошукӯҳ бунёдёфта бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлати хориҷӣ аст, ки вориди ин бино шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ “ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи об”-ро “роҳи асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд” маънидод карда, ҷомеа ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёӣ, хусусан Осиёи Марказиро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба 5 мушкили вобаста ба об дар Осиёи Марказӣ ишора кард, ки бартарафсозии онҳо мавқеъгирии судбахш ва ҳамкории созандаро тақозо мекунад:

1. Тақсимоти нобаробари захираҳои об дар ҳудуди минтақа;
2. Дурнамои эҳтимолии кам шудани захираҳои об дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бар асари таъсири раванди тағйирёбии иқлим;
3. Афзоиши истеъмоли об бинобар зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисод;
4. Бештар такрор ёфтани офатҳои табиии марбут бо об ва идомаи раванди нобудшавии Баҳри Арал;
5. Ҳамкории ғайрикофии кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқ меоянд ва боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мегарданд”.

Тавре таъкид гардид, “Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯи мушкилоти мухталиф қарор доранд”.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “ҷонибдории устувор”-и Тоҷикистонро “аз ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти обӣ” таъкид дошта, изҳор намуд: “Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор барои истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб иштирокдорони ин форумро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таманно намуд, ки бинои нави барои ин ҳамоиш бунёдёфта, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, ҳамеша макони ҳамгироӣ ва тасмимгириҳои судбахши минтақавию ҷаҳонӣ бошад.

br

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520