Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд

18.05.2013 17:05, Таиланд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омад.

Дар ин шаҳр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми мазкур иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Дар Чиангмай Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд ташриф оварда, бо таҷрибаҳои пешқадами кишоварзону ҷангалпарварони ин кишвар бевосита шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 30 сол пеш дар ин мавзеи фарох бо ибтикори шоҳи Таиланд барқарорсозии ҷангалҳои талафёфта ва бунёди ҷангалҳои нав оғоз ёфта будааст. Тайи ин солҳо дар ин ҷо натанҳо ҷангалзор барқарор гардидааст, балки шумораи ҳайвоноту парандагон низ хеле афзудааст. Дар ин ҷо таҷрибаҳои нодире, ки барои бунёди обанборҳои захиравӣ, обёрии қатрагии ҷангалзор, ҳифзи табиат аз сӯхтор тавассути ҳамеша намнок нигоҳ доштани замин, парвариши зироату набототи гуногун, ҳайвоноту парандагони нодир ва ҳамчунин чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар фаъолиятҳои кишоварзӣ андӯхта шудааст, омӯзонда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ба нишони таҳкиму тақвияти дӯстию ҳамкории дарозмуддати миёни Тоҷикистону Таиланд як навниҳоли дарахти оҳанин шинонд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520