Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

11.05.2013 15:30, ноҳияи Хуросон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, бо кори як қатор хоҷагиҳои намунавии боғутокпарварӣ шинос шуд.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт аз ҷамоати деҳоти даҳанакии ноҳияи Хуросон оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 2010 ба ин сӯй бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Фахрободи ин ноҳия бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна оғоз ёфта буд. То ин вақт дар мавзеи Фахробод ва атрофи деҳоти дигари ҷамоати деҳоти Даҳанакии ноҳияи Хуросон дар майдони якуним ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфтааст. Тавре аён гардид, тамоми боғу токзори нав дар ин мавзеъҳо афзоиши хуб доранд ва қисмате аз онҳо дар соли дуюм ва сеюми сабзиш аллакай ба бор омадаанд. Пас аз ду-се соли дигар аксари ин боғу токзор пурра боровар шуда, натанҳо ба фаровонии меваю сабзавот дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки боиси афзоиши қудрати содиротии кишвар мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин боғу токзор наздики якуним ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб шудаанд. Аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо аз умри дубора пайдо намудани боғу токзори мавзеи Фахробод басо шоду шукргузоранд, зеро боғу токзори пешина кайҳо аз ҳосил бозмонда, ба нестӣ рафта буд.

Чунонки зикр гардид, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо асосан навъҳои серҳосилу содиротии дарахтони мевадиҳанда шинонда шудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки майдони боғҳои олуи сиёҳ, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад ва дигар меваҳои содиротӣ афзун карда шавад.

Ба иттилои масъулини соҳа, аксари мавзеъҳои барои бунёди боғоти нав интихобшуда, заминҳои шӯрзада, партов ва умуман аз гардиши кишоварзӣ беруншуда буданд ва имрӯз ба боғу токзори биҳиштосо табдил ёфтаанд.

Чунонки аён гардид, дар ин мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва мутобиқ ба боғутокпарварӣ навъҳои гуногуни олу, гелос, зардолу, шафтолу, олуча, бодом, анҷир, чормағз, анор, писта, биҳӣ ва себу ноки хушлаззат парвариш меёбад.

Зимни боздид аз ин боғу токзори дилфиреб, табиати биҳиштосои ин мавзеъҳо ва суҳбатҳои озоду самимӣ бо боғпарварон ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ин иқдоми накӯ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳамовозӣ пайдо карда, ба бунёди даҳҳо ҳазор боғу токзори намунавӣ, иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа, болоравии бесобиқаи қудрати содиротии кишвар, тақвияти амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва муаррифии миллати тоҷик чун миллати ободгару зебоидӯст боис мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520