Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии сарони Тоҷикистону Австрия баъд аз музокироти расмӣ

07.06.2011 11:00, Австрия

Мўҳтарам намояндагони васоити
ахбори омма ва иттилооти ҳамагонӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар ибтидо мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Австрия, Ҷаноби Олӣ Ҳайнтс Фишер, ҳукумат ва мардуми дўсти Австрия барои пазироии самимӣ дар ин сарзамини зебоманзару бостонӣ арзи сипос намоям.

Он ҳусни таваҷҷўҳеро, ки нисбати ҳайати расмии Тоҷикистон зоҳир карда шуд, мо пеш аз ҳама баёнгари муносибатҳои дўстонаи байни Тоҷикистон ва Австрия медонем.

Дар рафти мулоқоту музокироти ҳайатҳои ҷонибҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор шуданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор ёфт.

Дар баробари ин, мубодилаи афкор атрофи мавзўъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ сурат гирифт, ки ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи ҷонибҳоро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи тарафайн нишон дод.

Ман бо ҳамтои худ ҷаноби ҳайнтс Фишер дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо роҳу имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои моро муҳокима кардем.

Зимнан сари он ақида қарор гирифтем, ки дар онҳо имконот ва захираҳои бузург мавҷуданд ва истифодаи ҳарчӣ фаъоли онҳо ҷавобгўи манфиатҳои тарафҳо мебошад.

Мо сатҳи муколамаи доимии сиёсии кишварҳоямонро баланд арзёбӣ карда, омодагии худро барои идомаи машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд тасдиқ кардем.

Мо, ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳои худро ба ҳамкории минбаъда дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсусгардонидашудаи он, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳор кардем.

Ҳамзамон, бо ишора ба майлу рағбати ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи равобит ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла энергетика, мо зарурати васеъ гардондани доираи онҳоро дар бахши тиҷорату иқтисод таъкид намудем.

Вобаста ба ин мо таваҷҷўҳи ҷониби Австрияро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.

Дар фарҷоми музокирот имзо шудани Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро мо чун иқдоми амалии муҳим арзёбӣ менамоем.

Мо итминон дорем, ки сафари кунунии ҳайати расмии Тоҷикистон ба Австрия оғози накўи марҳалаи нави муносибатҳои дўстонаи кишварҳои мо хоҳад гашт ва аз натиҷаҳои музокироти дар доираи он доиргашта изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Барои идомаи муколамаи сиёсии байни кишварҳои мо дар сатҳи олӣ ман аз Президенти мўҳтарами Ҷумҳурии Австрия даъват кардам, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд.

Умедворем, ки ин сафар саҳифаи навро дар муносиботи дўстонаи ду кишвар оғоз хоҳад кард.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520