Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ баъди мулоқот бо Дабири кулли Шўрои Аврупо

06.06.2011 13:20, Фаронса

Мўҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои минтақаи Аврупоро аз шарикони муҳими байналмилалии худ медонад.

Дар ин замина мо пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, ки бо ҳамаи онҳо чӣ дар чорчўбаи сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва чӣ дар асоси муносибатҳои дуҷониба робитаҳои гуногунҷанбаи пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошем.

Мулоқоти доиргаштаи мо бо ҳайати баландпояи Шўрои Аврупо бо сарварии ҷаноби Ягланд, ки дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, идомаи муколамаи мунтазами сиёсии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи Аврупо мебошад.

ҷониби Тоҷикистон саҳми Шўрои Аврупо ва сохторҳои онро дар татбиқи амалии принсипҳои асосии демократия - волоияти қонун, озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар тамоми фазои Авроосиё баланд арзёбӣ намуда, ҳавасмандии худро дар густариши ҳамкориҳо бо онҳо ва кишварҳои аъзои Шўро изҳор намуд.

Зимнан, мо ҷониби Шўрои Аврупоро бо раванди бунёди низоми нави давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ дар такя ба меъёрҳои асили демократия шинос кардем.

Вобаста ба ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрўз дар марҳилаи гузариш, дар ибтидои роҳи демократикунонии ҷомеа, қарор дорад ва дар ин самт пешорўи он масъалаҳои зиёде истодаанд, ки ҳаллу фасли худро тақозо менамоянд.

Дар рафти музокирот атрофи мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафайн ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои ҷонибҳо табодули афкор сурат гирифт.

ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои фарогири минбаъда бо ҷомеаи Аврупо дар масъалаҳои таъмини рушди устувори кишвар, ҳаллу фасли мушкилоти умдаи иҷтимоию иқтисодӣ ва амниятӣ, масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир таъкид кард.

Зимнан, аз ҷониби мо зарурати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар бахши такомули равандҳои ислоҳоти демократӣ ва соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуд.

Аз нигоҳи мо, ба имзо расидани Конвенсия оид ба пазироии маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо иқдоми муҳим ва арзишманде дар ин самт мебошад.

Мо ҳамчунин масоили рўзмарраи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистонро мавриди муҳокима қарор додем, ки он мувофиқат ва наздикии мавқеъҳои моро нисбат ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир зоҳир кард.

Дар робита ба ин мо изҳори андеша кардем, ки вазъияти Афғонистон ҳамоно ҳамоҳангии воқеӣ ва созандаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро баҳри истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои муассир ҷиҳати эҳёи иқтисодии он, талаб мекунад.

Зимнан, мо таваҷҷўҳи ҷониби Аврупоро ба лоиҳаҳои гидроэнерегетикии Тоҷикистон ҷалб карда, бо назардошти талаботи иқтисодии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон таҳия гардидани онҳоро таъкид кардем.

ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти доиргашта изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвор аст, ки он дар дар ояндаи наздик идомаи пурфайзи худро хоҳад ёфт.

Ба ин мақсад ман аз Дабири кулли Шўрои Аврупо, ҷаноби Ягланд даъват кардам, ки дар вақти барояш муносиб ба кишвари мо сафари расмӣ анҷом диҳад.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520