Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен

23.09.2010 00:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Нимаи дуюми рўзи 22 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони соҳибнуфузи ҳарбӣ-сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Аз рафти ҳамкорӣ дар чаҳорчўби Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ “ҳамёрӣ барои сулҳ” изҳори қаноатмандӣ карда шуд, аз ҷумла аз мусоидати НАТО дар татбиқи барномаҳои вобаста ба масъалаҳои минаҳо ва таҳкими амнияти сарҳадӣ. Ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Сохтори Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ оид ба таъминоти техникӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти моддию техникӣ ва ҳамчунин таъсиси қарибулвуқуи Китобхонаи НАТО дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ арзёбӣ гардид.

“Мо ба Барномаи инфиродии ҳамёрӣ миёни Тоҷикистон ва НАТО барои солҳои оянда чун воситаи муҳими таҳкими ҳамкорӣ таваҷҷўҳи хоса дорем”, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муборизаи муштарак ва омодасозии кадрҳою нерўҳои махсуси зиддитеррористӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони НАТО –ро ба ҳамкории бештари иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба хотири мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди харобгаштаи ин давлат даъват намуд.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520