Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманди дигар имрӯз бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау доир намуд.
“Мо равобити нек ва дӯстонаи сиёсӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумониро омили муҳими муносибатҳои судманди дуҷониба медонем”- изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Гуфтугӯйи созанда доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои ду кишвар сурат гирифт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкории мутақобилан судамнд таъкид доштанд.