Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”

11.04.2013 16:19, Белгия

Дар Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”, ки таҳти раёсати Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак, Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел, Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон ва роҳбарону намояндагони воломақоми ширкатҳои зиёди соҳибнуфузи Аврупо иштирок намуданд.

Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқие, ки барои соҳибкорону сармоягузорон муҳайё гардидааст, бевосита иттилоъ дод.

Тафсилоти чунин имконот, ҳамчунин аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ муаррифӣ гардид.

Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва ғайра иттилооти муфассал пешниҳод гардид.

Аз шарикони хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак суханронӣ намуда, дурнамои рушди ин соҳаи Тоҷикистонро басо умедворкунанда номид.

Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо захираҳои фаровони нафту гази худ, пеш аз ҳама дар ҳавзаи Амударё метавонад яке аз кишварҳои бузурги минтақа гардад”. Тавре ӯ зикр намуд, танҳо дар ҳавзаи Амударё 27,5 миллиард баррел нафт, 3,22 триллион метри мукаъаб газ ва 8,5 миллиард баррел конденсати нафт мавҷуд аст.

Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел воридшавии ин ширкатро ба иқтисодиёти Тоҷикистон имкони хеле фарохи рушди кишвар номид. Тавре ӯ зикр намуд, ин ширкат дар 130 кишвари ҷаҳон зиёда аз 700 намояндагӣ дошта, даромади солонааш баробар ба 200 миллиарди доллари амрикоӣ аст. Ин ширкат танҳо соли 2013 28 миллиард доллари амрикоӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон сармоягузорӣ карданӣ аст. Ба андешаи Майкл Боррел, воридшавии якҷояи ширкатҳои Тотал, Теттис петролиум ва CNPC- и Чин боиси ҷаҳиши бузург дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба имконоти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика зоҳир гардид. Тавре аён гардид, мавриди истифодаи босамар қарор гирифтани захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон боиси рушди бесобиқаи иҷтимоию иқтисодии кулли минтақа хоҳад буд, зеро норасоии нерӯи барқ дар бисёр кишварҳои ин минтақаи фарох эҳсос мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520