Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел

11.04.2013 14:40, Белгия

Масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ҳамчунин дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.

Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати Тетис петролиум ба роҳ мемонад.

Чунонки зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Ин кор, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.

Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.

Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин вуҷуди бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин умедвориҳои зиёд доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520