Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер

10.04.2013 17:02, Белгия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюсел Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм МОЛТЕРЕР-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики Бонки сармоягузории Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳоло бо харҷи 21 миллион евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи “Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” татбиқ мегардад.

Вилҳелм МОЛТЕРЕР изҳор дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию ва амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520