Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳашари "Наврӯзи бунёдкорию ниҳолшинонӣ»

23.03.2013 13:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф даъват намуд.

Тавре зикр гардид, аз айёми бостон дар рӯзи сеюми Наврӯзи хуҷаста мардум ба ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии муҳити зист баромада, ҳамчунин корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин хотир бо ташаббусу пешкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми зиёд дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳашари умумӣ даъват карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҳашари ниҳолшинонию кабудизорсозии ин мавзеъ бевосита иштирок намуда, шахсан ниҳолҳои нодири бузургҷуссаи ороишию сояафкан шинонд.

Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи давлатии Кохи Борбад ва ҳамчунин ходимони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар иштироки фаъол намуданд.

Иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, аз як ҷиҳат нишонаи муҳаббати беандозаи ӯ ба табиати биҳиштосо ва зебоиҳои камназири Тоҷикистони азиз бошад, аз ҷониби дигар як навъ тарғибу ташвиқи шоистаи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва фарҳанги зебоишиносӣ аст.

Зимни суҳбату ҳидоятҳо ба мутахассисону масъулони соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки баробари эҳёи оинҳои сершумори наврӯзӣ, оини «Наврӯзи бунёдкорӣ» низ, ки дар рӯзи сеюми ин ҷашни таҷассумгари пайванди инсону табиат ва коинот ба амал мебаромад, аз нав густариш пайдо мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520