Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.04.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон ғайбулло Авзал оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ солҳои 2005-2010 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дода шудаанд, шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси вилояти Хатлон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ барои вусъати корҳои кишоварзӣ, омодагии ҷиддӣ ба кишти такрорӣ ва босамар истифода бурдан аз ҳар ваҷаб замини корам, ташкили кори мунтазами корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ супоришҳои мушаххас дод.

Сипас Раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллоев доир ба тақсими қитъаҳои замини бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолӣ ҷудошуда, рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ дар онҳо ҳисобот дод.

Тавре зикр гардид, дар солҳои 2009 ва 2010 бо се қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои тақсим ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта 1310 га замин барои беш аз 13 ҳазор оилаи ниёзманд ҷудо гардидааст. Танҳо дар шаҳраки нави Баҳористон, ки дар қитъае аз ҳамин заминҳо бунёд меёбад, беш аз 5 ҳазор оила ҳолати манзилии худро беҳтар хоҳанд сохт. Тибқи нақша ин шаҳрак аз биноҳои бисёрқабата, коттеҷҳо, хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ ва ҳамчунин тамоми иншооти зербиноӣ, аз ҷумла дармонгоҳ, шифохона, 3 мактаб, варзишгоҳ, гармоба, бозор, автовокзал, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот иборат хоҳад буд.

Доир ба рафти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 дастур дод, ки корҳо барои омодагии ҷиддӣ аз ҳозир ва тибқи нақшаҳои мушаххас оғоз гарданд.

Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кўдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи як зумра қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба Қонунҳо «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумрук ва ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузарондани тендери байналмилалӣ барои ҳуқуқи коркарди комплексии захираҳои Конимансури калон таъсис ёфта, ҳайату низомномаи он тасдиқ карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти ашёи хоми чорво, аз ҷумла пўсту пашм ба хориҷи кишвар манъ карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Файзобод барои тақсим ба аҳолии ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла ба ноҳияи Рашт 800 га барои 5813 оила ва ба ноҳияи Файзобод 485,5 га барои 5 ҳазор оила ҷудо карда шуд. Раисони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Рашт ва Файзобод арзи сипосу қадрдонии мардуми ин манотиқро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонда, таъкид доштанд, ки ҳеҷ гоҳ ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ин қадар замин ҷудо нашуда буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тақсими заминҳои ҷудошуда ба аҳолӣ бо риояи адолату қонуният таъмин карда шавад.

Ҳайати нави Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакї дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули 21 нафар аз намояндагони маъруфи аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар тасдиқ карда шуд. Раёсати Кумитаи мазкур бар уҳдаи Муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова гузошта шуд. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдї муовини раис ва Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрї котиби масъули кумита таъин гардиданд.

Дар охири маҷлиси ҳукумат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷалб намуда, иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳоро талаб кард. Бо назардошти гармшавии беисти иқлими сайёра ва барои пешгирӣ аз оқибатҳои сангини хушксолии кунунӣ аз роҳбарони сохторҳои марбута ва кулли кишоварзони мамлакат талаб карда шуд, ки аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда, фаровонии дастурхони худ ва бозори истеъмолиро таъмин намоянд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз давлатдории миллии тоҷикон, ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватанпарварӣ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520