Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон

20.03.2013 19:03, Туркманистон

Дар шаҳри Ашхобод, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон баргузор гардид.

Мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки масоили вобаста ба сармоягузории ин лоиҳа тибқи Нақшаи амалиёти Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) моҳи октябри соли 2012 ба мувофиқа расида буд.

Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад.

Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки сарони ҳарсе давлат- Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷараён гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки ин роҳи оҳан ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидат фаъол хоҳад дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520