Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар

20.03.2013 13:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муҳташами Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуда, дар толори бузурги маҷлисии он бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Бинои зебою муҳташами Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ҷузъе аз ансамбли биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва боғҳои фароғатии маркази шаҳри Душанбе аст, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷик пешкаш гардид.

Дар пешдолон ва толори даромадгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби ҳунармандони маъруфу машҳури театр ва синамои тоҷик саҳнаи “Чашмандози мухтасар ба таърихи бостон, миёна ва муосири миллати тоҷик”-ро намоиш доданд, ки басо ҷолиб буд. Онҳо симо ва беҳтарин ҳидоятҳои таърихии Каюмарс, Шоҳ Ҷамшед, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфи таърихиро таҷассум намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳони худ аз як қатор толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан карда, ба сифати корҳои сохтмону таҷҳизоти зарурии техникӣ баҳои баланд дода, ба масъулон арзи сипос кард. Ҳамзамон бо ин, барои боз ҳам зебо ва ҳадафмандона оро додани толорҳо, ҷамъоварии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ва ҳам ҷобаҷогузорию пешниҳоди онҳо ба зоирон дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.

Тавре зикр гардид, осорхона аз зербино ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар бисту ду толор, аз ҷумла ду толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Чунонки аён гардид, дар толорҳои сершумори осорхона ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷамъияти ибтидоӣ, даврони пешдодиён, давлатҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, Кушониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, асрҳои баъдӣ, замони Шӯравӣ ва даврони пуршебу фарози Истиқлоли давлатии Тоҷикистони навин ба намоиш гузошта шудааст.

Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

Тавре зикр гардид, вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён ба анъанаи ҳарсола дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз табдил ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз арзишҳои волои наврӯзӣ-ин ҷашни бостонию пурифтихори тоҷикон, ки имрӯз иди ҷаҳонӣ гардидааст, ёдовар шуда, аҳли толор, мардуми ҷумҳурӣ ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро бо фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “Наврӯз намунаи барҷастаи ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардаасту мекунад».

Чунонки таъкид гардид, “ҳадаф аз мулоқотҳо бо зиёиён муҳайё кардани шароити мусоид барои эҷодкорони кишвар – аҳли адаб, илму маориф ва фарҳанг дар бобати тадқиқу эҷодкорӣ ва кашфиёту ихтирооти техникиву технологии муосир мебошад.”

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва осори бешумору безаволи маҳфузмонда ифтихормандона изҳор дошт: “мо ба таърихбозӣ, таърихсозӣ ва таърихрабоӣ заррае эҳтиёҷ надорем».

Бо тазаккур аз равандҳои ҷаҳонишавӣ, хатарҳои муосир ба асолати миллӣ ва амну суботи кишвар, минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «зиёиён ва равшанфикрон бояд нерӯи раҳнамо ва ҳидоятгари ҷомеа бошанд». Бино ба таъкидҳои Президенти кишвар “зиёиёни ҷумҳурӣ дар кори пешгирӣ аз падидаҳои ифротгароӣ, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон низ зуҳураш ба назар мерасад, бояд пешсафу таъсиргузор бошанд, то ки баъзе ҷавонону наврасони камогоҳи мо ба гумроҳӣ кашида нашаванд”.

“Ба андешаи ман, - таъкид дошт Сарвари давлат, - дар шароити муосири инкишофи ҷомеа рисолати муҳимтарин ва кори ҷонии зиёиён навсозии фикру андешаи умумимиллӣ аст, зеро танҳо насли наве, ки дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи мустақил дошта, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи ватандӯстии худро дар назди халқу Ватан эҳсос менамояд, метавонад ба қувваи пешбарандаи истеҳсолот ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёбад”.

Дар охири мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва зиёиёни кишвар маҳфили пурсишу посух сурат гирифт.

Шоири тоҷик Низом Қосим барои нашри тозаи Наврӯзномаи Умари Хайём, ки бо сарсухани пурмуҳтавои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омадааст, арзи сипос карда, пешниҳод намуд, ки барои шинохт ва муаррифии дурусту дастрас ва тарғибу ташвиқи васеи Наврӯз, ҳамчунин як сомонаи фаъоли интернетӣ ба кор дароварда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин таклифро хуб пазируфта, барои иҷрои босамари он ба масъулин дастур дод.

Таклифу пешниҳодҳои ҷолиб, ҳамчунин аз ҷониби Раиси Иттифоқи рассомон Фарух Хоҷаев, олими тоҷик Нурмаҳмад Амиршоҳӣ, донишманди собиқадор Отахон Сайфуллоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азим Байзоев ва академик Акбар Турсунов ба миён гузошта шуд.

Барои иҷрои дархостҳои судманди пешниҳодгардида Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла доир ба маблағгузории чопу нашри нахустин Донишномаи тоҷикии кӯдак, ки барои заминагузории донишҳои аввалини кӯдакон то синни 8- солагӣ пешбинӣ шудааст, дастур дода шуд.



 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520