Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хонаи кӯдакони ноҳияи Темурмалик

18.03.2013 17:31, ноҳияи Темурмалик

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он ва мардуми ноҳия мулоқот намуд.

Дар роҳи ҳаракат ба сӯйи хонаи кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди намоишгоҳи наврӯзӣ гардид. Дар ин ҷо мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили хӯроку шириниҳои наврӯзӣ, суманак, либосҳои миллии тоҷикӣ бо гулдӯзию зардӯзӣ, асбобу олоти кории рӯзгор ва ҳунари волои базму тараби наврӯзӣ намоиш доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари шогирдони мактаби гӯштигирии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳо ва кулли ҷавонони дигарро ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд. Таваҷҷуҳи хоса, ҳамчунин ба аспҳои зоти тоҷикӣ ва зиёд намудани саршумори ин зот зоҳир гардид.

Зимни шиносоӣ бо тухмиҳои ғалладона, аз ҷумла зикр гардид, ки ноҳияи Темурмалик дар гузашта яке аз бузургтарин ноҳияҳо доир ба парвиши тухмии ғалладона буд. Аз ин хотир ба масъулин дастур дода шуд, ки ин мақоми волои ноҳияро дубора барқарор намоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакон ташриф оварда, бо шароити будубоши шаборӯзӣ ва таълиму тарбияи тарбиятгирандагони он бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ин муассисаи тарбиявӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, дорои шароити хуби зиндагӣ ва таълиму тарбия гардидааст.

Тавре зикр гардид, аз 128 компютери ба мактабҳои ин ноҳия туҳфанамудаи Сарвари давлат 20 тоаш ба ин муассисаи таълимӣ оварда шудааст.

Чунонки аён гардид, хонаи кӯдакони ятиму бепарастор дорои утоқҳои дарстайёркунӣ, истироҳату фароғат, хобгоҳҳои бо шароити муосир муҷҷаҳҳаз, ошхонаи барҳаво, толори калони варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ, ки шумораи умумиашон 128 нафар аст ва ҳам ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷамоати Кангурт номгӯи зиёди сарулибос, хӯроворӣ ва ширинию дигар туҳфаҳо тақдим гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба зиёда аз 4 ҳазор кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмакҳои моддии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Дар саҳни ҳавлии хонаи кӯдакони ятиму бепарастор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо устодону тарбиятгирандагони он ва ҳам роҳбарону фаъолони ноҳияи Темурмалик мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми хонаҳои кӯдакони ятиму бепарастор, мактаб интернатҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоии кишвар бар замми таъминоти мутамаркази давлатӣ барои дастгирию нигаҳбонии иловагӣ ба вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ вобаста шудаанд.

Ғайр аз ин, имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ харҷномаи тармиму навсозии тамоми чунин муассисаҳои тармимталаб, аз ҷумла мактаб интернати Кангурт, таҳия ва ба Президенти кишвар барои чораандешӣ пешниҳод карда шавад. Дастур дода шуд, ки дар назди хонаи кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик як бинои алоҳидаи таълимӣ низ бо тамоми шароити муосири зарурӣ бунёд карда шавад.

Ба роҳбарият ва фаъолони ноҳия барои вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла афзун намудани парвариши тухмии ғалладона, васеъ намудани боғу токзор, беҳсозии фаъолияти зотпарварӣ, пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани кишти такрорӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба роҳбарону вазоратҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, тандурустӣ, нақлиёт ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Сурхоб дар ин ноҳия, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани муассисаҳои тандурустӣ ва пешгирии бемориҳо, тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва ба анҷом расондани сохтмони толори варзишии маркази ноҳия супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо пешниҳод ва раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра соҳибкорони бонуфузи кишвар, ки зода ва тарбиятдидагони ноҳияи Темурмалик мебошанд, уҳдадор шуданд, ки ҳар яке чандтогӣ корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар зодгоҳашон бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё месозанд.

Сипас маҳфили пурсишу посух сурат гирифт, ки зимни он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои иштирокдорони мулоқот ҷавоб дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520