Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо донишҷӯёни ятим

15.03.2013 18:21, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 15 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқот намуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонд.

Қабл аз оғози мулоқот бо ятимдонишҷӯён ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ намоишгоҳи ҳунарҳои наврӯзии мактаббачагону донишҷӯёни як қатор муассисаҳои таълимӣ намоиш дода шуд.

Хонандагону донишҷӯёни хушсалиқа дар ин ҷо беҳтарин маҳсули дастони пурҳунари худро намоиш доданд. Намунаҳои хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ дар дастурхонҳои зебои ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои миллии наврӯзӣ барои духтарону бонувон, аз ҷумла куртаҳои хушдӯхти чакан, атлас, тоқию дигар ашёи гулдӯзӣ барои ҷавонону мардон басо ҷолиб буд.

Таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлатро маҳсули ҳунарҳои литсейи саноатӣ-дӯзандагии шаҳри Душанбе, ки дар пойгоҳи омӯзишгоҳи 33-юми дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ба худ ҷалб намуд. Тавре маълум шуд, гулдухтарони ҳунарманди ин литсей, дар ин муассисаи таълимӣ натанҳо ҳунари дӯзандагӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд, балки маҳсули ҳунари волои худро ба дӯстдорони либосҳои хуштарҳи миллӣ ва ҳам анвои гуногуни либосҳои замонавӣ пешкаш менамоянд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони мактаби байналмилалӣ ворид шуда, нахуст ба 360 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, кумаки моддӣ расонд.

Тавре зикр гардид, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кӯдакону наврасон ва мактаббачагону донишҷӯёни ҷумҳурӣ, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, дар арафаи таҷлили Наврӯзи хуҷастапай аз ҳисоби Фонди захиравии Роҳбари давлат кумакҳои моддӣ расонда шуд. Шумораи умумии чунин ятимон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, тибқи ҳисоби масъулиони соҳа, зиёда аз 4000 нафар будааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оинҳои бостонии наврӯзӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз фархундатарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, натанҳо дар арафаи Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳо, балки ҳамеша бояд мавриди кумак ва дастгирию пуштибонии мардуми сарватманду саховатманд ва сохторҳои масъули давлатӣ қарор дошта бошанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми саховатпешаи ҷумҳурӣ аз ин иқдоми ҷавонмардонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ва дигар рӯзҳо ба ниёзмандон дасти кумак дароз менамоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз садҳо квотаҳои Президентӣ, ки барои таҳсили донишҷӯёни болаёқати тоҷик дар хориҷи кишвар ҳар сол ҷудо мегардад, ёдовар шуда, изҳори таассуф намуд, ки дар миёни онҳо ятимон хеле каманд ё умуман нестанд. Ба масъулини соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти касбомӯзӣ дастур дода шуд, ки донишҷӯёни ятими аз падару модар маҳрумгаштаро зери ғамхории доимӣ қарор диҳанд. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат ҳамаи онҳо бо хобгоҳ ё дигар манзили зист ва дигар шароити барои таълим зарурӣ бояд бепул таъмин карда шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бештар ятимписарони солиму бардам ва болаёқат қабул карда шаванд, то ки онҳо дар солҳои таҳсил бо хобгоҳ, хӯрок ва либоси бепул ва ҳамчунин оянда бо кор таъмин бошанд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархости як қатор донишҷӯёни ятим посух гуфта, барои ҳалли мушкилоти номбарнамудаи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Аз ҷумла, бо дархости яке аз онҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ба ҳар яки 360 нафар комилан ятим, ки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мебошанд, яктогӣ компютер туҳфа карда мешавад.

Дар посух ба шикоятҳо доир ба бесаробон мондани баъзе ятимони бепадару модар пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ, таъкид гардид, ки тамоми ятимони кулл, баъди хатми таҳсилоти миёна ва олӣ ҳам то ба ҳаёти мустақиллона ворид шуданашон бояд таҳти ғамхории давлат қарор дошта бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520