Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ

15.03.2013 14:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави боҳашамати Вазорати корҳои хориҷӣ, ки аз 8 ошёна иборат аст, ифтитоҳ ёфт.

Дар саҳни ҳавлии бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону собиқадорони корпуси дипломатии Тоҷикистон ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонданд. Ин дарахтони бузургҷусса, ки зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд, бо дуои пояндагӣ ва ҷовидонагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинонда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кории дар ин бино муҳайёгардида шинос шуда, ба натиҷаи кори бинокорон ва муҷаҳҳазсозони он баҳои баланд дод. Дар ин бино тамоми шароити корӣ барои кормандони вазорат, қабули меҳмонони хориҷӣ, маҷлису машваратҳо ва дигар чорабиниҳо муҳайё гардидааст.

Тавре зикр гардид, ин бино дар зарфи 2,5 сол бо харҷи қариб 73 миллион сомонӣ маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла даромадҳои хадамоти консулӣ, бе сарфи маблагҳои буҷетӣ, бунёд ёфтааст.

Дар толори калони бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, ки дорои 260 ҷойи нишаст мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва кормандони ин вазорат, роҳбарони сафорату дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, собиқадорони соҳа ва умуман корпуси дипломатии кишвар мулоқоти судманди ошкоро анҷом дода, доир ба татбиқи босамари сиёсати хориҷии давлат андешаҳои ҷолиб баён намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520