Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия

13.03.2013 18:42, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати кишвар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди намояндагони ин соҳа аз ҳарду кишвар ширкат намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ имконоти фарохи рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузориро бо Тоҷикистон ба соҳибкорони Австрия бевосита муаррифӣ намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ҳоло беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия шуда, ба шарикони рушд ва дигар хоҳишмандон пешниҳод гардидааст. Тавре зикр гардид, аксари ин лоиҳаҳо ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, зербинои нақлиётию ҷаҳонгардӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Австрияро ба густариши робитаҳо даъват намуда, таъкид дошт, ки «ҳангоми таҳияи нақшаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бояд талаботи рӯзафзуни бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаи мо ба инобат гирифта шавад».

Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер низ Тоҷикистонро кишвари дорои имконоти беандозаи рушди иқтисод ва тиҷорат номида, соҳибкорони кишвари худро ба тавсиаи ҳамкорӣ бо он ташвиқ намуд.

Доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дигар иштирокдорони форум низ изҳори андеша карданд.

Дар фароварди ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар боз 2 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД Тоҷикаэронавигатсия ва ширкати австриягии FrequentisAG;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати австриягии ASKINDCo дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Тавре аён мегардад, сол ба сол ва рӯз ба рӯз таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти дорои имконоти фарохи рушд дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ба ҷоннок гардидани ин раванд, албатта беҳшавии тадриҷии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва хусусан қабул шудани Тоҷикистон ба узвияти комилҳуқуқ дар Созмони ҷаҳонии савдо нақши намоён мегузорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520