Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ ва ифтитоҳи терминали марказии нақлиётии пойтахт

12.03.2013 13:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои оғози сохтмони як Маркази тиҷоратии замонавӣ ба кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ташриф овард. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама маросими муаррифии лоиҳаҳои сершумори сохтмони биноҳои мактабу бемористон ва дигар иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, иморатҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо майдончаҳои варзишию дилхушии кӯдакон, биноҳои маъмурию тиҷоратӣ ва ғайра баргузор гардид. Роҳбарият ва масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳри Душанбе ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки тайи чанд соли оянда симои бисёр кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, аз ҷумла хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт комилан дигар ва хеле зебою дилнишин мегардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳангоми сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёди боғчаи кӯдакон, мактаб, дармонгоҳ, майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ барои кӯдакону калонсолон, марказҳои тиҷоратӣ ва таваққуфгоҳҳои мошинҳоро ҳатман ба назар гиранд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Маркази тиҷоратии замонавӣ оғоз бахшид.

Зимни суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншоот бо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ (30 миллион евро) тайи якуним соли оянда, яъне то сентябри соли 2014, бунёд ёфта, дар он барои 3 ҳазор нафар ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Дар замони сохтмон дар ин ҷо беш аз якуним ҳазор бинокорон бо кор таъмин хоҳанд буд, ки беш аз 80% он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дигар соҳибкорони кишвар низ чунин ташаббусҳои ватандӯстонаро дастгирӣ карда, бо бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва марказҳои тиҷоративу иморатҳои маъмурӣ барои рушди босуботи ояндаи Тоҷикистон ва ободиву пешрафти он саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт, ки солҳои охир аз фаъолият бозмонда буд, ташриф оварда, терминали марказии нақлиётии дар ҷойи он ташкилёфтаро ифтитоҳ намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, терминали марказии нақлиётӣ пас аз тармиму навсозии бинои саристгоҳи автобусҳо ва воридоти воситаҳои нави нақлиёт, ки бо сарфи 140 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон” таъсис ёфта, имрӯз омодаи кор гардидааст.

Чунонки аён гардид, дар терминали нав барои мусофирон маҷмӯи хизматрасониҳои зарурӣ, аз ҷумла толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии Бонки “Конт ИнвестБонк”, мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, омода ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Барои фаъолияти босамари терминал 40 автобуси мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ ва 40 адад нақлиёти сабукрави таксӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, ояндаи наздик ворид кардани боз 300 автомашинаи сабукрав ва 50 автобуси замонавӣ дар назар аст.

Бо татбиқи босамари ин лоиҳа 12 сайрхати дохили мамлакат эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронанда, кормандони хизматрасонии техникӣ ва роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли равон шумораи ҷойҳои корӣ ба 2 ҳазор ва баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал, ки бо харҷи боз 70 миллион сомонӣ анҷом меёбад, ба дуюним ҳазор мерасад. Дар маҷмуъ пас аз якуним сол дар терминали нақлиётӣ ва маркази замонавии тиҷоратии ин гурӯҳи соҳибкорон 5,5 ҳазор нафар бо кор таъмин мегарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шароити муосири дар ин ҷо муҳайёгардида баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки ба он мақоми “Терминали байналмилалӣ” дода шавад.

Соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ки ин терминали нақлиётиро ба кор дароварда, сохтмони маркази тиҷоратии замонавиро имрӯз оғоз намуданд, бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар шаҳри Душанбе ва як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон бунёд намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ намудани терминалҳои мусофиркашонӣ ва танзими реҷаи фаъолияти онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки бо истифода аз сармоягузории дохиливу хориҷӣ барои бунёди инфраструктураи ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир дар терминалҳои мусофиркашонӣ ва дигар иншооти дахлдор дар шафати роҳҳои мошингард тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар баробари амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таъмини низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин васила ба афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва транзитии кишвар мусоидат намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520