Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ

24.02.2013 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн мекунад, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳидоят намуд.

Аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони варзидаи боғпарвар шумораи зиёди дарахтони нодиру камёфти калонҷуссаи ороишию сояафкан шинонда шуд.

Тавре аён гардид, боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дар майдони зиёда аз 10 гектари саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт доман паҳн менамояд.
Дар боғи нави Наврӯзгоҳ, асосан дарахтони бисёрсолаи магнолияи ҳамешасабз, магнолияи бунафш, кастона ё худ каштан, булут, шоҳбулут, фарки сурхбарг ва пихтаю дигар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои сӯзанбарг шинонда мешаванд.

Тибқи нақша боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон ва ғайра иборат хоҳад буд.

Боғи нави Наврӯзгоҳ аз тариқи роҳравҳои ду ҷониби ин шаршараи зебо бо боғи Нишони давлатии Тоҷикистон пайваст шуда, ба ансамбли биноҳо ва боғу майдониҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аз Китохонаи миллӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ, боғу майдони Парчамии давлатии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигари маъмурию фарҳангӣ иборат аст, ҳусни тоза зам менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520