Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

22.02.2013 13:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади идона бо ворид шудани Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли толор оғоз ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бесарусомонӣ ва хисороти бешумори ҷонӣ ва моддию маънавии муноқишаҳои хунуни дохилӣ ёдовар шуда, фазои орому осоишта ва рушду шукуфоии имрӯзаро натиҷаи ҷонбозиҳои ҳазорон фарзандони баору номуси кишвар номид, ки сина сипар намуда, ба ҳифзи ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азиз ва давлату миллати тоҷик бархоста буданд. Таъкид гардид, ки хизматҳои шоиста ва ҷоннисории ҳазорон нафар фарзандони фидоии кишвар, ки дар роҳи ҳифзи давлату миллат ва осоиши мулки тоҷикон ҷон нисор намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Тавре зикр гардид, он солҳо Тоҷикистон натанҳо артишу дигар сохторҳои низомӣ надошт, балки афсарони тоҷик ҳам ангуштшумор буданд. Барои рафъи ин ҳолат, омода кардани кадрҳои миллии низомӣ дар муддати кӯтоҳ мактабҳои олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. Дар таърихи 20-солаи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 14 ҳазор афсарони низомӣ дар дохил ва 2600 нафар дар хориҷи кишвар омӯзонда шуд. Ҳоло 3 ҳазор донишҷӯёни низомӣ дар дохил ва беш аз 1300 каси дигар дар хориҷи кишвар таҳсили илмҳои ҳарбӣ мекунанд.

Бо ёдоварӣ аз беҳшавии тадриҷии таъминоти моддию техникии сохторҳои қудратии кишвар таъкид гардид, ки дар зарфи 5 соли охир маблағгузории соҳа 2 баробар афзун гардид. Маоши ходимони низомӣ бошад дар 6 соли охир 9 баробар афзудааст.

Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти имрӯза ҳам ҳанӯз нокифоя аст ва баҳри боз ҳам афзун намудани маблағгузорӣ ва ғамхорӣ ба ин соҳа пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки муҳофизони баору номуси кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилу монеаҳои гузаштаю имрӯза барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияту суботи Ватани азизи худ содиқона хидмат мекунанд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони касбӣ ва ҷавонону наврасони ҳаваскор бо шукӯҳи хоса намоиш дода шуд, ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520