Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.02.2013 12:03, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мо бистумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон ҷашн мегирем.

Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо - собиқадорон, хизматчиёни ҳарбӣ ва тамоми кормандони ин рукни муҳими давлатдориро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доред, ба муносибати ҷашни бистумин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр табрик гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввал хуб дарк мекард, ки давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат вуҷуд дошта наметавонад.

Хуб ёд дорам, ки дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Аксарият ҳеҷ бовар надоштанд, ки дар чунин шароити вазнин - касодии иқтисодӣ ва вазъи ниҳоят ноороми сиёсӣ таъсиси артиши миллӣ имконпазир бошад.

Зеро баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифта буд. Дар ҳоле, ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳимоту лавозимоти ҷангӣ миллӣ гардонида, соҳиби артиш ва дигар сохторҳои низомӣ шуда буданд.

Бинобар ин, якҷо бо вакилони мардумӣ ба хулосае омадем, ки бетаъхир артиши миллиро ташкил намуда, аз пайи таъсиси дигар рукнҳои давлатдорӣ ва танзими фаъолияти онҳо шавем. Бо ин мақсад 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст - ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд.

Бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони мо аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ вазифадор гардиданд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили қувваҳои зидди раванди сулҳи тоҷикон ва сарҷамъии миллат муборизаи беамон бурда, бо шуҷоату мардонагӣ давлати ҷавони тоҷиконро аз вартаи нобудӣ ва миллати азизамонро аз хатари парокандагӣ раҳо намояд.

Ҳамин тавр, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон тақдирсоз бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд.

Дар китоби «Авасто» омадааст, ки ҷомеаи ориёӣ аз чор табақа- донишмандону сипоҳиён ва ҳунармандону кишоварзон иборат аст. Яъне сипоҳиён дар ҷомеа дар мақоми дуюм қарор доштанд, ки ин нишони эҳтиром ба муҳофизони марзу буми аҷдодӣ буд.

Дар китоби мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки бори аввал ром кардани асп ва дар амалиёти ҷангӣ истифода бурдани он низ ба қавмҳои ориёӣ марбут аст.

Дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, ки нахустин силоҳҳо, аз қабили кулоҳу зиреҳ ва ҷавшану хафтони ҷангиро шоҳ Ҷамшед-бунёдгузори сипоҳи муназзами ориёиён сохта буд. Тибқи сарчашмаҳои бостонӣ дучархаи ҷангӣ ва дигар асбобу абзори ҳарбӣ низ кашфи сарлашкарони ориёинажод мебошад.

Ҳанӯз ҳазор сол пеш сиёсатмадор ва вазири кабири дарбори Салҷуқиён Низомулмулк дар асари безаволи худ «Сиёсатнома» ба масъалаҳои низоми ҳарб диққати ҷиддӣ дода, дувоздаҳ боби китобашро ба санъати ҳарбӣ бахшидааст. Ӯ тамоми бурду бохти лашкар ва ободии мулкро дар ҳамбастагии се омили асосӣ - подшоҳ, лашкар ва раият мебинад.

Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон ба мо имкон дод, ки дар ҷои амалан холӣ артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдориро таъсис диҳем ва дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти муназзами онҳоро таъмин намоем. Ҳамин эҳсоси ирсии аҷдодист, ки низомиёни моро дар роҳи садоқат ба Ватан ва таъмини амнияти кишвар қудрату тавоноӣ мебахшад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мо садоқати худро ба халқу Ватан, давлат ва Президенти мамлакат борҳо собит сохтааст.
Вале бояд гуфт, ки аз солҳои муқовимати мусаллаҳона дар кишварамон то фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёти махсус ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд.

Мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки ҷавонмардонеро, ки ба хотири барқарор намудани сохти конститутсионӣ, истиқрори сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи зиндагии орому осуда ва меҳнати осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро қурбон кардаанд, то абад пос медоранд.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат корнамоиҳо ва хизматҳои содиқонаи фарзандони шуҷои Ватанро ҳамеша қадр менамояд.

Аз соли 1993 то ҳоло қариб ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъминоти сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо захираҳои моддиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии онҳо, инчунин фароҳам овардани заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ барои сохтору мақомоти зикршуда мунтазам чораҷӯӣ менамояд ва ҷиҳати ҳарчи беҳтар гардонидани шароити хизмат ҳамаи имкониятҳоро сафарбар месозад.

Аз соли 2000-ум то имрӯз зиёда аз 40 қонун, фармону амрҳои Президенти мамлакат ва қарору фармоишҳои Ҳукумат қабул шудаанд, ки онҳо асосҳои сиёсати давлатро дар соҳаи мудофиа, ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро ба танзим медароранд.

Танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Соли равон маблағгузорӣ барои нигоҳдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ нисбат ба соли 2008-ум се баробар зиёд пешбинӣ шудааст.
Аз соли 2006 то имрӯз 4 марҳалаи ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ гардида, андозаи таъминоти пулии онҳо қариб 9 баробар афзудааст.

Такмили ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. То имрӯз аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохили кишвар қариб 14 ҳазор нафар ва аз ҳисоби онҳое, ки таҳсилро дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ хатм кардаанд, зиёда аз 2600 нафар барои хизмат ба сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат фиристода шудаанд. Ҳоло қариб 3000 нафари дигар дар мактабҳои олии ҳарбии мамлакатамон ва 1100 нафар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсили худро идома дода истодаанд.

Вобаста ба ин, ба ҳамаи кишварҳои дӯст, ки дар он солҳои душвор ба мо дар ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ кӯмаки беғаразона расонида, ҳоло барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ бо мо ҳамкорӣ мекунанд, изҳори сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Бояд гуфт, ки барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар чораҳои то имрӯз амалишуда ҳанӯз кифоя нестанд.

Мо баробари рушди иқтисодии мамлакат барои боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ хоҳем кард. Чунки ғамхорӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин пеш аз ҳама ғамхорӣ ба давлату миллат аст ва Ҳукумати кишвар ин масъаларо хуб дарк мекунад.

Ман борҳо хотиррасон кардаам ва имрӯз низ таъкид месозам, ки таъмин намудани амнияти миллату давлат, ҳифзи ҳаёти осоиштаи мардум ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба устувории вазъи сиёсӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар вобастагии мустақим дорад.

Иҷрои вазифаҳои зикршуда дар навбати худ аз роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин аз ҳар як афсару сарбоз тақозо мекунад, ки ба масъалаи риояи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини интизоми қатъӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун омили муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат муносибат намоянд.

Бо вуҷуди он, ки то имрӯз дар ин самт хеле тадбирҳои судманд амалӣ карда шудаанд, вале вазъи умумии корҳо маро ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қонеъ карда наметавонад.

Дар ин раванд зарур аст, ки аз роҳу усулҳои муосир ва таъсирбахши корҳои тарбиявӣ истифода карда шавад.
Фаромӯш набояд кард, ки бе дониши муосири ҳарбӣ, интизоми қавӣ ва ҳисси баланди милливу ватандӯстии ҳайати шахсӣ дар ҳифзи сулҳу оромӣ ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеаи кишвар ба пешрафтҳои назаррас муваффақ шудан бисёр душвор аст.

Аз ин рӯ, роҳбарону масъулони сохтору мақомот вазифадоранд, ки корҳои тарбиявиро ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти ҳайати шахсӣ мунтазам такмил диҳанд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки сабаб ва омилҳои ба қонуншиканӣ мусоидаткунанда мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҷиҳати рафъи онҳо чораҳои муассир андешида шаванд.

Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёбанд. Онҳо бо масъулияти баланд бояд дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти пойдории давлат аст.

Дӯстони азиз!

Имрӯз дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккабе истодаанд, ки иҷрои онҳоро фазои печида ва зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ тақозо менамоянд.

Дар чунин шароити ҳассос, вақте ки дар минтақа нооромиву бесуботӣ ҳанӯз идома дорад, вазифаи аввалиндараҷаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳифзи боэътимоди истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои истодагарӣ кардан ба муқобили ин хатару таҳдидҳо бояд ҳамеша омода бошанд ва аз ӯҳдаи ҳалли пурмасъултарин вазифаҳои давлатӣ баромада тавонанд.

Танҳо дар ҳамин сурат оромиву субот дар ҷомеа таъмин гардида, шаҳрвандон ба қудратмандии давлат ва ҳар лаҳзаву ҳар соат барои ҳифзи Ватан омода будани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дилпурона эътимод мебанданд.

Тавре ҳамагон медонанд, соли оянда нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон батадриҷ ҳудуди ин кишвари ҳамсояи моро тарк менамоянд.

Мо бовар дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо такя ба қувваҳои солими кишвараш ба сулҳу субот муваффақ мегардад, вале бо дарназардошти баъзе омилҳо Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии мо, инчунин мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ба ҳифзи Ватани маҳбубамон аз ҳама гуна хатарҳои беруна омода бошанд.

Итминони комил дорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон якҷо бо ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиракиву ҳушёрии сиёсиву ҳарбиро лаҳзае аз даст надода, аз иҷрои вазифаи олии хеш – ҳимояи дахлнопазирии марзу буми муқаддаси Ватанамон, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа, дастовардҳои истиқлолият ва манфиатҳои давлату халқи Тоҷикистон сарбаландона мебароянд.

Миллати тоҷик дар таърихи бисёрҳазорсолаи худ ҳеҷ гоҳ зӯровариро аз неруи ақлонӣ боло нагузоштааст. Таърих ёд надорад, ки тоҷикон замоне даъвои забти мулки бегонаро карда бошанд.

Аҷдоди мо танҳо ҳамон вақт ба истифодаи нерӯ иқдом кардаанд, ки аҷнабиён ба мутеъгардонии сарзамини муқаддаси онҳо даст задаанд. Ин аст, ки ному корномаи қаҳрамонони миллати тоҷик, ба монанди Спитамену Деваштич ва Муқаннаъу Темурмалик дар саҳифаҳои таърихи халқамон ҳамчун ҳомиёни сарзамини аҷдодӣ ба таври абадӣ зинда мондааст.

Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик барҳақ бо анъанаҳои пуршарафи артиши миллӣ ифтихор мекунад, зеро артиши мо аз оғози таъсиёбиаш то имрӯз нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муҳими давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо менамояд.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд.

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба садоқат, ҷасорати касбӣ ва фидокориву матонати шумо - фарзандони шуҷои Ватан бовар дорам.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумо – генералҳо ва афсарону сарбозони шуҷоъ, собиқадорони мӯҳтарам ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик мегӯям.

Ба шумо саломативу бардамӣ, рӯҳи матину иродаи қавӣ ва дар адои қарзи муқаддасу мардонаатон - ҳифзи Ватани озоду соҳибистиқлоламон барори кор орзу дорам!

Ҳамеша бонангу номус ва саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520