Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

07.01.2013 11:08

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Дар ин рӯзҳо ба истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон расо бист сол пур мешавад.

Ин санаи идонаи таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Қазокистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми Қазоқистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намоям.

Бо қаноатмандии зиёд мехоҳам қайд намоям, ки тайи марҳилаи баъд аз ин рӯйдоди барои мо муҳим равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Қазоқистон босуръат рушд ёфта, чӣ дар доираи ҳамкориҳои дутарафа ва чӣ хаматарафа пайваста рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.

Имрӯз онҳо амалан тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, ки дар онхо манфиатҳои давлатҳои мо ба ҳам мувофиқ омадаанд ва чун омили нигаҳдории суботи минтақавӣ маҳсуб меёбанд.

Мо сатҳи баланди равобити муосири ташаккулёфтаи Тоҷикистону Қазоқистонро қадр менамоем ва ба такмили ҷанбаҳои мухталифи онҳо бо муҳтавои нав бо назардошти орзуву умеди мардумонамон ва тибқи талаботи замон ҳавасманд ҳастем.

Боварӣ изҳор менамоям, ки мо ба иқтидори дар муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон мавҷуда такя намуда, бо саъю талоши якҷоя дар рушди онҳо ба қуллахои баланд хоҳем расид.

Аз таҳти дил ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва комёбиҳои навро дар фаъолиятатон ва ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон беҳбудӣ ва саодатмандиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520