Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи рўзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи Раиси вилояти Суғд қоҳир Расулзода оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои корӣ солҳои 2005-2010 дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят додааст, шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар зарфи 5 соли гузашта дар натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маҷмўи минтақавиии маҳсулот дар вилояти Суғд 3,8 баробар афзуда, дар соли 2010 ба 5,7 миллиард сомонӣ расид. Шумораи соҳибкорони хусусӣ дар ин мўҳлат аз 17 ҳазор ба 44 ҳазор нафар расида, 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гашт. 66 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфт ва ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар зиёд шуд. Дар 5 сол майдони боғҳо 14,5 ҳазор гектар васеъ шуда, содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар аз 48 ҳазор тонна ба 85 ҳазор тонна расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нишондодҳои мусбии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон кори корхонаҳои қаблан вуҷуддоштаи саноатиро ғариқаноатбахш арзёбӣ намуд. Супориш дода шуд, ки барои таъмини пардохти пурраи бақияпулиҳои андоз тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин фаъолияти бахши тухмипарварии соҳаи кишоварзиро дар вилояти Суғд ва дар тамоми қаламрави кишвар ғайриқаноатбахш номида, ба масъулини дахлдор барои ҷоннок намудани корҳои илмию истеҳсолӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас дод.

Масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис ҳисоботи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти соҳа барои тезондани ҷорисозии низоми ягонаи автоматӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва омода кардани кадрҳои болаёқати соҳа супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки бо роҳандозӣ кардани низоми автоматии назорат шаффофияти кори дидбонгоҳҳо таъмин гашта, пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ гирифта мешавад.

Нақшаҳои генералии ноҳияи Тавилдара ва шаҳри Хорўғ тасдиқ карда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ободонии ин ва дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақаҳо таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи генералӣ маркази ноҳияи Тавилдара бояд ба як шаҳраки намунавии минтақаи кўҳистони Тоҷикистон табдил ёбад. Ин шаҳрак аз минтақаҳои истиқоматӣ, биноҳои муосири маъмурӣ, боғи марказии фарҳангиву фароғатӣ, иншооти варзишӣ, мавзеи ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра иборат хоҳад буд.

Дар мавриди шаҳри Хорўғ бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сохтмон ва таҷҳизи иншооти сершумори дар шаҳри Хорўғ бунёдёбанда, аз ҷумла навсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Хорўғ, таъмини он бо оби нўшокӣ, иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо сифати баланд ба анҷом расонда шавад.

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи миллии барҳамдиҳии интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 ва як зумра санадҳои дигар тасдиқ карда шуд.

Дар робита ба Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 таъкид гардид, ки он бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, ҳадафи асосиаш ҳунаромўзии ҷавонон, бозомўзию такмили ихтисоси калонсалон ва таъмини мардум бо ҷойи корӣ мебошад. Татбиқи босамари ин барнома имкон медиҳад, ки ислоҳоти системаи роҳнамоии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби касб таъмин гардад.

Чунонки зикр гардид, дар марказҳои таълимии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2010 8 ҳазор нафар мавриди омўзиш ва бозомўзӣ аз рўйи 48 намуди касбу ҳунар қарор гирифт. Соли 2011, бо назардошти имконоти марказҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, шумораи ҳунаромўзон ба 40 ҳазор хоҳад расид.

Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 бошад, ба навсозии инфрасохтори соҳаи нақлиёт ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии он нигаронда шуда, барои татбиқи пурраи он харҷи 43 миллиарду 662,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, грантӣ ва қарзҳои имтиёзӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаҳои Қонунҳо «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ки ҳарду бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳия гаштаанд, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иловагӣ, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» соддаву шаффоф намудани расмиёти маъмурӣ, кўтоҳ намудани вақт барои гирифтани иҷозатнома ва кам кардани шумораи иҷозатномаҳо аст. Тавре маълум шуд, баъди қабули ин қонун шумораи иҷозатномаҳо аз 600 ба 85 адад хоҳад расид. Ин тадбир дар доираи чораҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Лоиҳаи ду қонуни дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор ноҳияҳо барои тақсим кардан ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, бо ин мақсад ба ноҳияи Восеъ 13 гектар замин барои 180 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ноҳияи Ховалинг 5 гектар барои 41 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ноҳияи Тоҷикобод 272,59 гектар барои 1724 оила, ки 126 – тоаш оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мебошанд, ҷудо гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурра ва саривақтии буҷети давлатӣ, амру фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои ҳукумат, вусъат додани киштукори баҳорӣ, бунёдкорию созандагӣ ва омодагии ҷиддӣ ба таҷлили сазовори солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520