Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Мактаб – интерати № 1 шаҳри Душанбе

28.12.2012 16:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб – интерати № 1 шаҳри Душанбе, ки калонтарин муассисаи ин соҳа дар кишвар аст, ташриф оварда, омӯзгорону тарбиятгирандагони онро бо арафаи соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт ва ба ҳар як тарбиятгиранда туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим намуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи иҷтимоию маърифатӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он аз се бинои таълимӣ иборат буда, 557 нафар тарбиятгирандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро бо таълиму тарбия фаро гирифтааст. Аз онҳо 37 нафар ятими пурра, 414 кас нимятим ва 106 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 124 нафар духтаронанд.

Хобгоҳи мактаб – интернат аз 19 хона иборат буда, дар он 385 нафар тарбиятгирандагон бо ҷойи хоб таъмин гардидаанд. Тарбиятгирандагони он дар як шабонарӯз 4 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Тавре аён гардид, муассисаи таълимии мазкур бо синфхонаҳои муосир, аз ҷумла 2 синфи компютерии пайваст бо шабакаи интернет, синфҳои озмоишии фанҳои дақиқ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон муҷаҳҳаз буда, омӯзгорони соҳибтаҷриба низ дорад.

Қисмате аз омӯзгорон, ки бо майли тамом кору фаъолият мекунанд, хатмкунандагони худи ҳамин мактаб буда, ба дили тарбиятгирандагони ин таълимгоҳи махсус ба осонӣ роҳ меёбанд, зеро дар ҳолати онҳо худашон ҳам буданд.

Тарбиятгирандагон дар ин муассиса то синфи 9 таҳсил намуда, сипас ба гимназияҳо, литсейҳо ва омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ сафарбар мешаванд. Тавре аз суҳбат бо чанде аз хатмкардагони ин мактаб аён гардид, онҳо дорои нангу номуси баланди ватандорӣ ва ҳиммату ҷавонмардии олӣ мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии мактаб-интернати мазкур ба қисмате аз тарбиягирандагон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва шириниҳоро бевосита тақдим намуд. Тавре зикр гардид, чунин туҳфаҳо ба ҳар як тарбиятгирандаи мактаб дастрас гардидааст.

Дар ҳамин толор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо омӯзгорону парасторон ва тарбиятгирандагони ин муассиса дар ҳузури масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ суҳбати озоду ошкоро намуда, аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва нафарони саховатпеша даъват намуд, ки корҳои хайру савоби худро бештар барои ҳамин гуна муассисаҳо ва дигар нафарони воқеан ниёзманд анҷом диҳанд.

Ба роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ, ки дар назди худ муассисаҳои таълимии ҳунаромӯзӣ ва таҳсилоти олӣ доранд, аз ҷумла сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот даъват карда шуд, ки пеш аз ҳама хатмкунандагони болаёқати ҳамин гуна муассисаҳоро бо таълиму тарбия фаро бигиранд.
Суҳбати алоҳидаи самимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 37 нафар тарбиятгирандагон, ки ятимони пурра ва ё бе падару модар мебошанд, анҷом дода, таъкид дошт, ки онҳоро таҳти назорати доимии худ қарор дода, ҷаҳд менамояд то онҳо пайваста аз ғамхории давлату ҳукумат бархӯрдор бошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо роҳбарони ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт, ки ба ин ҷо даъват шуда буданд, суҳбат намуда, дар наздашон доир ба беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҳам бозомӯзию такмили ихтисоси омӯзгорон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаҳои алоҳидаи нохуш дар миёни ҷавонону наврасон, ки қисмате аз онҳо мактаббачагон мебошанд, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” талаб карда шуд.

Бо назардошти ҳузури варзишгарони номдори тоҷик дар ин суҳбат, ки аксаран ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд, ҳамчунин барои рушди варзишу тарбияи ҷисмонӣ, муҳаёсозии шароити боз ҳам беҳтар барои ин кор ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонону наврасон дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Тавре аён гардид, аз суҳбату ҳидоятҳои падаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат, хусусан хонандагони хурдсол, хулосаҳои ибратбахш баровардаанд.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин муассиса дар толори маҷлису маҳфилҳои он, ҳамчунин як барномаи ҷолиби фарҳангӣ бахшида ба соли нави мелодӣ намоиш дода шуд, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони ҳамин муассиса таҳия гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520