Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.12.2012 13:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он ҳайатҳои нави мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013 тасдиқ шуда, Ҳисоботи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардидаанд, шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тибқи ин супоришҳо Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ҷумҳурӣ бо харҷи беш аз 242 миллион сомонӣ назди 2400 иншооти варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷумла 21 иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 318 иншоот дар вилояти Суғд, 557 то дар вилояти Хатлон, 332 то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 19 иншоот дар шаҳри Душанбе. Танҳо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар варзишгоҳҳои бузург дар ҳоли сохтмон қарор доранд, ки 5 тоаш дар соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ин аст, ки дар солҳои 2011 ва 2012 варзишгарони тоқик дар 131 мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, 641 медал, аз ҷумла 179 медали тилло, 188 нуқра ва 274 биринҷӣ ба даст оварданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти васеи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум, ба хусус ҷавонону наврасон як зумра дастуру супоришҳои иловагӣ дод. Таъкид гардид, ки барои рушди тамоми намудҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи варзиш, хусусан варзиши сабук, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардад ва ҷавонону наврасон ба ин кор ҳавасманд карда шаванд.

Номгӯи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2013” тасдиқ гардид.

Масоили ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013 ва Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Зимни баррасии рафти иҷрои Нақшаи генералии маркази ноҳияи Шаҳринав доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ” ва бо сифати баланд анҷом додани навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо лоиҳаи қонунҳо ба як зумра санадҳои қонунгузории амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи иппотека” ва “Дар бораи милитсия” пешниҳод гардид.

Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017, Номгӯи молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки ба онҳо тамғаи аксизӣ гузошта мешавад ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ гардид.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои ниёзманд аз шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 10 га замин ҷудо карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон барои тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Пасариқи ҷамоати деҳоти ба номи Г. Гулмуродов 6,37 га замин ҷудо гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини фаровонии маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза дар фасли зимистон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзҳои истиқболи соли нави мелодӣ ва омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012 ва мушаххассозии нақшаҳо барои соли 2013 ва ҳамчунин омодагӣ ба таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

br

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520