Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

19.12.2012 17:23, Русия

Имрӯз дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷмъӣ баргузор гардид.

Барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ва дигар шахсони масъул ба ҳам омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар давлатҳоро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Дар ҷаласа масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ дар минтақаи масъулияти СААД зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни андешаронӣ ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд бо сохторҳои марбутаи худи Афғонистон ҳамкории босамар ба роҳ монанд ва ба тақвияти онҳо мусоидат намоянд”. Таҷрибаи Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳо барои сохторҳои қудратии Афғонистон ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зербинои нақлиётию энергетикии он ибратбахш номида шуд.

Сарони давлатҳои аъзои созмон ба дастгирии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, асосан бо роҳи кумаки имтиёзии ҳарбӣ-техникӣ ба нерӯҳои марзбонӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ин ҳамоиш яке аз босамартарин мулоқотҳо арзёбӣ гардид.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520