Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

17.12.2012 19:47, Туркия

Дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Боиси қаноатмандӣ аст, ки муносибатҳои муосири миёни кишварҳои мо имрӯз дар фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ муваффақона ҷараён дошта, фарогири ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошанд”.

Истифодаи босамари имконоти фаровони то ҳол истифоданашуда дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва дигар арсаҳо муҳим дониста шуд.

Ба саҳми арзишманди Агентии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Туркия, Дафтари он дар Тоҷикистон ва Комиссияи муштараки иқтисодӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҳарду ҷониб аз иқдоми нав дар хусуси таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Туркия таъсис додани Шӯрои ҳамкорӣ, ки раванди пешбурди самтҳои стратегии ҳамкории миёни ду кишварро ба ӯҳда хоҳад гирифт, ҷонибдорӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, татбиқи амалии имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт ва иҷтимоию гуманитарӣ ба нафъи ҳарду тараф хидмат хоҳад кард.

Сарвазири Туркия аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо изҳори хушнудӣ карда, онро таъкид дошт, ки он метавонад омили афзоиши ҳаҷм ва тавсеаи структураи гардиши мол миёни ду кишвар гардад.

Пас аз анҷоми мулоқот 2 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:

Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия;

Эъломияи муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ.

Тавре зикр гардид, ба Шӯрои ҳамкории ду кишвар аз ҷониби Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби Туркия Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган роҳбарӣ хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520