Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

04.01.2012 19:00

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва халқи ҶМЧ, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва дар шахсияти Шумо ба Ҳукумати ҶТ ва халқи тоҷик табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро иброз медорам.

Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст буда, робитаи дӯстонаи байни халқҳои ҳар ду кишвар решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Муносибатҳои дипломатии Чину Тоҷикистон дар давоми 20 соли баъди барқароршавии муносиботи дипломатӣ ба таври солиму муназзам рушд ёфтанд. Ҷонибҳо равобити зичи мақомоти баландпоя доштанд, сатҳи ҳамбоварии сиёсиро мунтазам баланд мебардоштанд ва бо ҳамкории мутақобилан муфиди худ дар бахшҳои иқтисодиёт, тиҷорат, нақлиёт, коммуникатсия, сохтмони инфрасохтор ва ғайра ба натиҷаҳои хурсандибахш ноил мешуданд. Тарафҳо якдигарро аз рӯи масъалаҳои муҳими дорои манофеи ҷонибайн устуворона дастгирӣ намуда, дар умури байналмилалию минтақавӣ зич ҳамкорӣ мекарданд, ба пойдории сулҳу суботи минтақа фаъолона саҳм мегузоштанд. Соли 2007 мову Шумо, Ҷаноби Олӣ, якҷоя Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуда ва бо ин васила таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқиро ҷиҳати рушди дурнамои муносиботи байни ҳар ду кишвар гузоштем. Баъди тайи 20 соли охир рушд ёфтани муносибатҳои сиёсии миёни Чину Тоҷикистон дӯстии байни халқҳои онҳо боз ҳам зичтару мустаҳкамтар гардида, ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба ба сатҳи мислаш диданашудаи баланд расида ва он ба ҷонибҳо фоидаи воқеӣ бахшид. Мунтазам густариш бахшидани муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории Чину Тоҷикистон сиёсати ногузири Ҳукумати Чин аст, ки он ҷавобгӯӣ манфиатҳои асосии ҳар ду ҷониб ва халқҳои онҳо мебошад. Чин Тоҷикистонро ҷиҳати пеш рафтан бо роҳи рушди мутобиқ ба воқеияти миллии худ ва саъю кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ ва халқи онро, ки мақсад аз он ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, амнияту субот, ҳамчунин мадад ба рушди иқтисоди миллӣ аст, минбаъд ҳам дастгирӣ менамояд. Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди Чину Тоҷикистонро дар соҳаҳои мухталиф минбаъд ҳам таҳким бахшида ва бо ин васила рушди босуръату муваффақонаи муносибатҳои байни ҳар ду кишварро роҳандозӣ намоям.

Таҳкиму рушди муттасили муносибатҳои неки хамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Чину Тоҷикистонро таманно дорам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатии бардавом ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзӯ мекунам»

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520