Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао

04.01.2012 19:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

Мӯҳтарам ҷаноби Раис,

Имрӯз дар таърихи мову шумо рӯзи басо муҳим – бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ҳукумати ҶМЧ аз ҷумлаи нахустинҳое буд, ки дар оғози барқароршавии Тоҷикистони навин соҳибихтиёрии давлати ҷавон, роҳи мустақилонаи рушди сиёсию иқтисодии кишвари маро эътироф намуд. Аз он вақт аллакай 20 сол аст, ки мо, чун ҳамсояҳои неку шарикони боэътимоди Созмони Ҳамкории Шанхай дӯстию ҳамфикриро таҳким бахшида, дар муборизаи зидди хавфу таҳдидҳои нав зич хамкорӣ менамоем, дар бунёди ояндаи бехатару суботи минтақа ва ҷаҳон фаъолона ширкат меварзем.

Солҳои гузашта солҳои дорои воқеаҳои басо муҳим буданд. Тайи ин солҳо заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ гузошта шуд. Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки соли 2007 дар Пекин имзо шуда буд, бо дарназардошти хоҳишу маром ва орзую умеди халқҳои тоҷику чин таҳкурсии дарозмуддати равобит, мушорикати васеъ ва ҳамкории ду кишвару халқҳоро гузошт.

Муносиботи имрӯзаи байни кишварҳоямон ибрати шоистаи амалу ҳамкории муваффақонаи давлати бузург бо ҳамсояҳояш мебошад. Ба ин муносибатҳо сатҳи баланди боварӣ ба якдигар, як будани муносиботи консептуалӣ ба доираи васеи проблемаҳои байналмилалӣ, эҳтироми гуногунии фарҳангҳо ва саъю кӯшиш баҳри рушди мутақобила хосанд. Бо дастгирии ҶМЧ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои ҳаҷман калони инфрасохторӣ дар амал татбиқ мешаванд, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ босуръат рушд мекунад, робитаҳои байни ходимони илму фарҳанг густариш меёбанд. Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи баланди рушду густариш қарор доранд.

Ҳамсояю дӯстони накӯ ва ҳамкорони боэътимод будан – ин на фақат зуҳуроти майлу хоҳиши неки ҳар ду халқ аст. Тоҷикистону Чинро аз қадимулайём кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳои шӯх ба ҳам пайвастаанд. Таъриху фарҳанги халқҳои тоҷику чин ҷозибаи бузурги фарҳангию маънавии ду тамаддунро дорост. Бист соли охир ба таври боварибахш нишон дод, ки мушорикати таърихии мо, ки ба дастгирии васеи аҳли ҷамъияти ҳар ду мамлакат истинод мекунад, ояндаи бузург дорад.

Мо аз дастоварди бузурги сиёсию маънавиямон, ки тайи ин солҳо якҷоя ба он ноил гаштаем, метавонем ифтихор намоем ва бояд ифтихор кунем. Муҳим аст, ки онро ҳифз намуда ва дастраси наслҳои минбаъда гардонем, то онҳо, тавре дар ҳикмати бостонии мардуми чин омадааст, аз зиндагии хеш зери сояи васеи дарахти дӯстие лаззат баранд, ки мо онро 20 сол муқаддам шинонида будем. Аминам, ки кишварҳои мо фақат дар сурати мустаҳкам намудани ҳамсоягии неку дӯстӣ, рушду густариш бахшидани мушорикату хамкории стратегӣ қодиранд, ки вазифаҳои муштаракро ҳал намуда ва бо назардошти майлу хоҳишу мустақилонаи халқҳои тоҷику чин бо роҳи рушди дуҷониба пеш раванд.

Шуморо бо санаи муҳими таърихи муосири муносибатҳои дуҷониба – бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин - гарму ҷӯшон ва аз самими қалб муборакбод намуда, изҳори умедворӣ мекунам, ки мо бо такя ба дастовардҳоямон метавонем бо саъю кӯшишҳои якҷоя дар амри таҳким бахшидани пояҳои дӯстии вайроннашавандаи халқҳои тоҷику чин ба қуллаҳои нав расем.

Эҳтиромоти бепоёну самимонаи ба Шумо, Аълоҳазрат, доштаамро қабул фармоед.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520