Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.12.2012 15:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд аъзои шӯро, аз ҷумла Сарвазири кишвар, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои иқтисод, молия, сармоягузорӣ, адлия ва ҳамчунин роҳбарони дигар вазорату идораҳои масъул ширкат намуданд. Дар ин ҷаласа, ҳамчунин шумораи зиёди шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон, аз ҷумла Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ИДМ Ҷаҳан Султаноглу, Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодера, Директори бахши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Масару Хонма ва дигарон ширкати фаъол доштанд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012, санади дигари ба тозагӣ маъқулдонистаи Ҳукумати Тоҷикистон – Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва саҳми шарикони байналмилалии рушд дар ин раванд муҳокима гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушдро ифтитоҳ намуда, нахуст бо хушнудӣ аз қабул шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо мужда расонд ва бори дигар ба роҳбарият ва ҳамаи сохторҳои дахлдори ин созмон ва кулли давлатҳои ҷаҳон, ки Тоҷикистонро дар раванди 11-солаи омодашавӣ ба ин кор дастгирӣ намуданд, арзи сипос кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз дастгирии самимӣ ва таманниёти неки намояндагони давлатҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, дар маросими қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо ёдовар шуда, ба онҳо низ изҳори сипос кард.

Дар сухани ифтитоҳии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ аз татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 ва хулосабарорӣ барои татбиқи босамари Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 – ро ҳадафи асосии ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд номид. Дар сатҳи на кам аз 7% таъмин гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2010-2012 яке аз натиҷаҳои назаррас дар ин давра маънидод гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа, ҳамчунин Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ИДМ Ҷаҳан Султаноглу ва Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодера суханронӣ намуда, аз ҷумла пешсафии Тоҷикистонро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд ибратбахшу омӯзанда арзёбӣ намуданд. Ба иттилои Ҷаҳан Султаноглу барои татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола аз соли 2000 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ кумаки беруна ҷалб карда шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 то ба 39% коҳиш дода шуд. Пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои глобалии “энергетика барои ҳама” ва “иқтисодиёти сабз” махсус таъкид гардид. Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти хуб ҳамоҳангшуда бо шарикони байналмилалии рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати соҳаҳои тандурустию маориф ва ба оби тозаи нушокӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.

Доир ба саҳми шарикони рушд дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив, Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сусан Еллиот, Роҳбари Ҷамъияти Байналмилалии Германия дар Тоҷикистон Стефан Эрбер, Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Масару Хонма суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии шарикони рушди Тоҷикистонро ба идома ва густариш додани дастгирии рушди кишвар таъкид доштанд.

Дар охир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои гуногуни рушди Тоҷикистонро дар солҳои охир, саҳми шарикони байналмилалӣ ва дурнамои инкишофи кишварро дар се соли оянда мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шариконии байналмилалии рушдро ба густариши ҳамкории босамар даъват намуда, изҳори боварӣ кард, ки дар натиҷаи он сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар се соли оянда 15-20 фоизи дигар баланд мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз қарорҳои Конфронси 5-уми RECCA доир ба Афғонистон, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иштироки фаъоли шарикони байналмилалии рушдро дар татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ, аз ҷумла оид ба пайвастани шабакаҳои барқӣ ва нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз тариқи Афғонистон кори ҳаётан муҳим номид. Таъкид гардид, ки бо татбиқи босамари чунин ҳадафҳо ҳам мушкилоти ҷории Тоҷикистон ҳаллу фасл мешаванд ва ҳам аз тариқи рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ба таҳкими амну субот дар ин кишвари азияткашида ва кулли минтақа мусоидати фаъол кардан имкон дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520