Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

07.12.2005 15:45, Арабистони Саудӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Маккаи мукаррама бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эронро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дониста, изҳор намуд, ки ба назари мо он тақозогари пайвандҳо ва муштаракоти таърихии мо, ҷозибаи дӯстӣ ва бародарии халқҳо ва манфиатҳои олии ду кишвар аст".

Ҷонибҳо аз мазмуни равобити дӯстонаи дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо изҳори ризоият намуда, таъкид доштанд, ки дар ин самт тайи солҳои охир корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Мусоҳибон ҳамчунин омодагии худро барои идомаи иқдомоти муассиртар ва муҳимтар, бахусус дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои нави минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баён доштанд.

Мусоҳибон иштироки сармоя ва мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бунёди нақби Анзоб, нирӯгоҳи обии барқии "Сангтӯда-2" намунаи олии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аз рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки тайи даҳ моҳи соли равон ҳаҷми он наздик ба панҷоҳу панҷ миллион доллари амрикоӣ расид, ки назар ба соли пешин хеле зиёд аст ва бо амалигардии лоиҳаҳои дар нақшабуда ва истифодаи захираҳои зиёди мавҷуда ҳаҷми он дар оянда ҷиддан афзоиш хоҳад ёфт.

Дар мулоқот атрофи масоили амнияти минтақавӣ, тақвияти нақш ва мақоми минтақавии Тоҷикистону Эрон, ҳамкории амалӣ ва босамари кишварҳои мусулмонӣ, бозсозии ҳама арсаҳои кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар мулоқот муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520