Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон

17.10.2006 19:00, ноҳияи Ҷайҳун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, ки рӯзи 29 июли соли равон дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон рух дода буд ва барои ошноӣ бо ҳолати имрӯзаи хоҷагии халқ ба ин ноҳия сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов аз деҳаи Замини нави ноҳияи Қумсангир, ки аз заминларзаи мазкур хисороти вазнин дида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмоновро масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилояту ноҳия ва аҳли деҳа истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов нахуст аз намоишгоҳи саҳроии маҳсулоти хоҷагии халқи ноҳия дидан кард. Аҳли заҳмати ноҳия маҳсули меҳнати худро аз ҷумлаи маҳсулоти зироаткорӣ, пахта ва ҳамчунин анвои чорворо ба маърази тамошо бароварда буданд. Зимни боздид аз намоишгоҳ зикр гардид, ки дар ин ноҳия меваю сабзавот ва пеш аз ҳама лиму, анор, картошка, пиёз, тарбӯзу харбӯза ва ғайра ҳосили фаровон медиҳад. Таъкид гардид, ки кишти такрории заминҳо низ дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар заминҳои ноҳия дар як сол ду ҳосили картошка рӯёнда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин бо аҳолии деҳоти атроф, ки ба ин ҷо ба истиқболи Сарвари давлат омада буданд, аз наздик сӯҳбатҳои озоду ошкоро доир намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов таъкид дошт, ки соли оянда пули азими болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон кушода гашта, ин ноҳия ба минтақаи транзити байналхалқӣ табдил меёбад ва дар назар аст, ки дар ин ҷо ҳамчунин минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов зимни боздид, аз қитъаи чорвои намоишгоҳ ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки чор гови калони ба намоишгоҳ баровардашударо кушта, ба аҳолии деҳоти аз заминларза зарардида тақсим кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар деҳаи Замини нав бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии мардум аз наздик шинос шуда, бо аҳолии осебдида сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод ва аз мушкилоти рӯзгорашон пурсон шуд.

Бояд тазаккур дод, ки қувваи заминларзаи рӯзи 29 июл дар маркази он 6 балро ташкил дода буд. Дар натиҷа 3 нафар ҳалок гашта, 19 кас ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд. Маблағи умумии зарари моддӣ мувофиқи ҳисоботи пешакӣ зиёда аз 62,8 млн. сомониро ташкил дод.

Аз ҷумла дар ҷамоатҳои Панҷ, Дӯстӣ, Қумсангир, Телман ва Крупская, маҳаллаҳои № 1, 6, 8 ва деҳаҳои Замини Нав ва Шоликорӣ 1087 хона пурра ва 1568 манзил қисман хароб гашта буданд.

Ғайр аз ин иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, барқ, хоҷагии об, фарҳанг, биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия низ зарар дидаанд.

Ба хотири рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида шуданд. Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки зимни маҷлиси машваратӣ рӯзи 31 июл ба масъулин дода шуда буд, дар ноҳия ситоди фаврии доимоамалкунанда созмон дода шуд.

Ба суратҳисоби махсуси Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк", ки барои ҷамъоварии кӯмакпулиҳо ба зарардидагон кушода шуда буд, то 11 октябри соли равон аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ зиёда аз 90 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби масҷидҳо ва шахсони воқеӣ 24,1 ҳазор сомонӣ пули нақд ворид шудааст.

Дар натиҷаи корҳои барқарорсозӣ то 11 октябри соли ҷорӣ аз 1087 хонаи комилан харобгашта сохтмони 47 манзил пурра ба итмом расида, 124 тоаш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, бунёди дигар хонаҳо босуръат идома меёбад. Аз хонаҳои қисман зарардида бошад, таъмиру тармими 481-тоаш ба итмом расида, дар 643-тои дигар кор муташаккилона давом дорад.

Барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозӣ ва кӯмак ба аҳолии зарардида бо амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 2200 тонна семент, 45 тонна сӯзишвории дизелӣ, 10 тонна бензин, 70 тонна орд, 2500 литр равған, 8 тонна шакар ва барои харидорӣ кардани 50 ҳазор шифер 850 ҳазор сомонӣ пул ҷудо карда шуд.

Илова бар ин аз ҳисоби захираҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 135 тонна орд ва 27 тоннагӣ равған, шакар ва биринҷ ба мардуми зарардида расонда шуд.

Умуман аҳолии зарардида бо тамоми маводи сохтмонӣ, аз ҷумла, шағал, семент, тахта, шифер пурра ба тариқи ройгон таъмин мегардад.

Ғайр аз ин аз ҷониби Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта", вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масҷидҳо, шахсони воқеӣ ва ҳамчунин аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии зарардидаи ноҳияи Қумсангир маводи сохтмонӣ, хаймаҳо, сару либос, доруворӣ, асбобҳои рӯзгор, пули нақд ва хӯрока ҳамчун кӯмаки башардӯстона дастрас карда шуд.

Зимни сӯҳбатҳо бо мардуми осебдида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин зикр намуд, ки барои ҷуброни зарари ба онҳо расида ва ҳамчунин ҳарчи зудтар барқарор намудани хонаҳояшон рӯзҳои наздик боз қариб 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, ки ба ҳар як оилаи хонаҳояшон пурра ва ё қисман харобгашта тақсим карда, дода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуд, ки тамоми хонаҳои зарардида то фарорасии мавсими барфу борон пурра барқарор карда шаванд, то ки мардум бесарпаноҳ намонанд.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 8 ноҳия, ки ба тозагӣ аз таъмир бароварда шуда, бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштааст, ташриф овард. Маълум шуд, ки дар мактаби барои 240 нафар пешбинишуда ҳоло 695 хонанда таҳсил мекунад, ки хеле ҳузангез аст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов дастур дод, ки лоиҳаи як бинои дигар барои ин мактаб омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо хонандагони мактаб сӯҳбатҳои ҷолибу самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хониши хубу аъло ҳидоят намуд.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аввал ба хонаи собиқадори меҳнат бобои Додар Фозилови 81-сола сипас ба манзили нимсохти собиқадори ҷанги Финландия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ Латиф Шарипови 90-сола ташриф оварда, бо онҳо сӯҳбатҳои дилчаспу самимӣ доир намуд.

Зимни боздид аз деҳаҳои аз заминларза зарардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо писарбачаи ятим - Шифои панҷсола дучор омад, ки на падар дораду на модар. Танҳо як хола дорад, ки ӯ ҳам ба бемории сил гирифтор аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов дарҳол супориш дод, ки ятимбачаро ба беҳтарин хонаи бачагони ҷумҳурӣ бурда, бо парасторӣ фаро гиранд ва барои табобати холаи бемораш низ чораҳои фаврӣ андешида шавад. Аз ғояти мутаассиру ғамгин шудани Сарвари давлат як модари мушфиқу ғамхор Асалмо Сафарова, ки худ як фарзанд доштааст, хоҳиш намуд, ки Шифоро ба ӯ ба фарзандӣ диҳанд, то ки соҳиби ду фарзанд гардад. Ӯ изҳор дошт, ки Шифоро бо ҷону дил пазируфта, мисли фарзанди худ ба воя мерасонад.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта ба заминҳои хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳия омад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов бо деҳқонону чинакчиён аз наздик сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дода, аз шароити кору зиндагӣ, вазъи иҷтимоии аҳолии деҳот ва маоши деҳқонону аъзоёни хоҷагиҳо пурсон шуд.

Зикр гардид, ки чинакчиён ҳар панҷ рӯз музди меҳнати худро ба ҳисоби 13 дирамӣ барои як килограмм пахтаи сафед мегиранд.

Зимни сӯҳбат бо занону духтарон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба онҳо ҳамчунин дар мавриди танзими оила ва тарбияи фарзандони солиму бомаърифат маслиҳату ҳидоятҳои муфид дод.

Мардум бо ҳисси баланди эҳтирому самимият аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳ гаштани вазъи рӯзгорашон арзи сипосу миннатдории худро баён медоштанд.

Дар охири боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ маҷлиси фаъолони вилояти Хатлонро доир намуд, ки дар ҷараёни он роҳҳои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза ва натиҷаҳои 9-моҳаи хоҷагии халқи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев шунида шуд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вазъи деҳаҳои аз заминларза осебдида ва натиҷаҳои 9 - моҳаи фаъолияти хоҷагии халқи вилояти Хатлонро мавриди таҳлили муфассал қарор дода, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза ба масъулин дастуру супоришҳои қатъию мушаххас дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқи вилоят беш аз ҳама аз вазъи ҷамъоварии ҳосили пахта изҳори нигаронию норизоият намуд ва барои ҷамъоварии ҳарчи зудтари ҳосили фаровон, ки бо меҳнати ҳалолу арақи ҷабини деҳқонон рӯёнда шудааст, ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ дод.

Аз рӯи натичаҳои 9-моҳаи хоҷагии халқ барои нишондодҳои сусту нокифоя бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Сарбанд Ҳалқамоҳ Тӯрахонова ва раиси ноҳияи Панҷ Талбон Ҳакимов аз вазифа озод карда шуданд. Ба ҷои онҳо Ҳукматулло Раҷабов иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанд ва Саидумрон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ таъин гардиданд.

Дар фароварди ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ба масоили омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намуда, таъкид дошт, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо барои ҳамаи номзадҳо шароити мусоиди тарғибу ташвиқ муҳайё карда шавад, то ки ин маъракаи муҳимми сиёсӣ дар фазои озоду шаффофи демократӣ ҷараён гирад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520