Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхонаи «Фаровон»

24.03.2011 12:00, шаҳри Гулистон

Ҳозирини мўҳтарам!

Мулоқоти имрўзаи мо бо шумо - сокинони заҳматписанду меҳмоннавози шаҳри Қайроққум дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврўз ва ба ифтихори ба истифода супоридани коргоҳҳои нави саноатӣ - корхонаи коркарди орд бо номи «Фаровон», ки воқеан макони файзу баракат ва фаровониву неъмат хоҳад шуд, инчунин корхонаи истеҳсоли шиша, ки ба кор оғоз кардани ҳарду коргоҳ дар ҳаёти мардуми ин шаҳри саноатӣ рўйдоди фараҳбахшу идона мебошад, сурат гирифта истодааст.

Бинобар ин, аввалан ҳамаи шумо ва тамоми мардуми меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғдро бо ҷашни хуҷастафоли Наврўзи Аҷам, ки ба дилҳои мо пайки шодиву нусрат овардааст ва сониян ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нав самимона табрику таҳният мегўям.
Бояд гуфт, ки таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Махсусан барои татбиқи ин ҳадаф дар даврони истиқлолият корҳои хеле зиёд анҷом дода шуданд.

Дар ин раванд мо бояд ҳамеша як масъаларо дар назар дошта бошем, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир ба вазъи иқтисодии ҳамаи давлатҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ таъсир мерасонад.

Аз ҷумла як силсила мушкилоти глобалӣ - тағирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ ва дигар офатҳои табиӣ боиси болоравии арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва пеш аз ҳама, ғалла гардида, амнияти озуқавории мамлакатҳои дунёро таҳти хатар қарор медиҳад.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, ҳукумати кишвар дар давоми солҳои охир барои таъмини бозори дохилӣ ва эҳтиёҷоти аввалияи аҳолӣ бо маводи озуқаи худӣ як силсила тадбирҳо, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нав ва тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии мавҷударо амалӣ карда истодааст, ки бунёди корхонаи имрўзаи коркарди орд аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Мо дар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва тараққӣ додани саноати сабук дар назди худ вазифа гузоштаем, ки коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми ватанӣ ва бо ҳамин роҳ вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ монем.

Дар зарфи танҳо як-ду соли охир дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд даҳҳо корхонаҳои нави саноати сабук ва хўрокворӣ таъсис ёфтанд, ки ҳамаи онҳо, бешубҳа ба рушди устувори иқтисоди миллиамон ва муҳимтар аз ҳама, бо ҷои кори доимӣ таъмин шудани ҳазорон нафар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Фардо мо дар ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ ду корхонаи нави саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем, ки бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ашёи хоми маҳаллӣ – пахтаро коркард намуда, маҳсулоти тайёри саноатӣ истеҳсол мекунанд ва садҳо нафар мутахассисону коргарони маҳаллиро бо ҷои кор ва даромади хуб таъмин месозанд.

Корхонаҳои шишабарорӣ ва «Фаровон»-и шаҳри қайроққум низ аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки дар ҳамин самт фаъолият мебаранд.

Ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҳозиразамон маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд.

Таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки сифати истеҳсоли маҳсулот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў бошад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи «Фаровон» дар як шабонарўз коркарди 100 тонна гандумро ташкил мекунад ва дар баробари ин 25 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Илова бар ин, бо дарназардошти сарфаи қувваи барқ ва бо ташаббуси роҳбарияти корхона арзиши орди истеҳсолгардида нисбат ба нархи бозор 20 фоиз арзон мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон - таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Танҳо соли 2010 дар миқёси вилоят аз ҷониби соҳибкорон 68 корхонаи нав ташкил шуда, ба фаъолият оғоз кардааст, ки зиёда аз 30 фоизи онҳо бо истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ машғул мебошанд.

Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолкардаи соҳибкорон дар соли гузашта 526 миллион сомонӣ ва воридот ба буҷет аз ҳисоби онҳо 112 миллион сомониро ташкил кардааст.

Мо дар ҷараёни сафарҳои қаблии худ аз корхонаҳои Ширкати «Бародарони саховатманд» боздид карда будем.
Ин ширкат имрўз бо истифода аз сўзишвории алтернативии ангишсанг истеҳсоли шишаро ба роҳ мондааст, ки чанд лаҳза пештар маросими ифтитоҳи он доир гардид.

Технологияи истеҳсолии корхонаи мазкур дар кишварамон якумин маротиба истифода шуда, ин коргоҳ соҳаҳои сохтмон ва саноатро бо шиша ва зарфҳои шишагӣ таъмин менамояд.

Иқтидори истеҳсолии корхона қариб якуним миллион метри мураббаъ шиша ва беш аз 25 миллион адад зарфҳои шишагиро дар бар мегирад.
Дар навбати аввали ин корхона 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст ва баъди ба кор оғоз кардани навбати дуюми он боз 250 ҷойи кори дигар фароҳам оварда мешавад.

Илова бар ин, дар зарфи чанд соли охир дар қаламрави вилоят бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ якчанд корхонаи муштараки истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кард, ки имрўз дар онҳо садҳо нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ машғули кор мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон имрўз бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама рушди соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир ман ҳангоми вохўриҳои худ бо соҳибкорон ва қариб дар тамоми суханрониҳоям ҳамеша таъкид месозам, ки мову шумо фақат бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандўстонаи худ, рушди соҳибкории хурду миёна ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкории сохторҳои давлативу бахши хусусӣ аз ўҳдаи иҷрои вазифаи муқаддасамон, яъне обод кардани Ватани азизамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии он баромада метавонем.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум низ танҳо бо ҳамин роҳ таъмин карда мешавад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба ин ҳадафи нек танҳо дар асоси фаъол намудани нерўи инсонӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҳар як фарди ҷомеа ноил шудан мумкин аст.

Дар натиҷаи заҳмати ватандўстонаву софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус дар зарфи 20 соли истиқлолият мо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, инчунин ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.

Ба хотири афзун намудан ва таҳким бахшидани ин дастовардҳо аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррўзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо нерўи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муассисон ва мутахассисону сохтмончиён, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва бунёди чунин корхонаҳои нави замонавӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдории худро баён карда, барои амалӣ шудани нақшаву ниятҳои неки дигарашон барори кор мехоҳам.

Басо рамзист, ки имрўзҳо дар айёми Наврўзи хуҷаста ва бистумин баҳори истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврўзиро шукўҳу ҷалоли тоза мебахшанд. Зеро таърихи пурғановати мо аз Наврўз оғоз мегардад.

Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ин ҷашни бузургу муқаддаси аз аҷдоди номдорамон меросмондаро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврўзи хуҷастапай пайванд медонанд.

Наврўз ҳамеша чун мунодии сулҳу оромӣ, тарғибгари пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, дўстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамёрии халқҳо моро ба сўи рўзгори ободу осуда ва созандагиву шукуфоӣ ҳидоят менамояд ва беҳуда нест, ки ҳамин фазилатҳои бузурги умумибашарӣ барои ҷаҳонӣ шудани Наврўз мусоидат карданд.

Имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардидани ҷашни фархундаи Наврўз ва оинҳои ибратомўзи он, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Маҳз бо дарназардошти ин нуктаҳо мо - меросдорони асили ин ҷашн бояд таърихи куҳан ва фарҳанги ғании худро беҳтар донем ва барои обод кардани Ватани азизамон ҳамарўза саъю талош намоем.

Имрўз дар сарзамини хуршедии мо нафаси ҷонбахшу рўҳнавози баҳори нав мерасад ва мо шукрона мекунем, ки боз ба баҳори нав расидем.

Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврўз аз мо тақозо менамояд, ки аз рўзҳои гарми баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои кишту кори баҳорӣ, шудгору кишти заминҳо ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврўзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.

Рўёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, вусъат додани кишти такрорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, инчунин тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва хиёбону маҳалҳои зист аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо онҳоро ба хотири истиқболи арзандаву сазовори ҷашни мубораку муқаддаси милливу давлатиамон – бистумин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд анҷом диҳем.

Бо ҳамин эътимоди баҳорӣ, ки муждаи сабзи офаринишро ба олам мерасонад, бори дигар сокинони заҳматпешаву меҳнатқарини шаҳри қайроқумро бо ҷашни фархундаи Наврўз табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳат, сари сабз, дили беғам, рўзгори ободу осуда ва барори кор орзумандам.

Наврўзи оламафрўз муборак бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520