Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

15.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи навбатии шўро рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи «Барномаи беҳcозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012 ва лоиҳаи рўзномаи кории ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар кори ҷаласа аъзои Шўрои машваратӣ ва шумораи зиёди даъватшудагон аз ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои соҳибкории кишвар ва ҳамчунин намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасони хориҷӣ иштирок намуданд.

Месазад ёдовар шуд, ки дар ҳайати Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар баробари роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳамчунин намояндагони сохторҳои соҳибкории мамлакат ва кишварҳою созмонҳои мададрасон фаъолият мекунанд.

Дар оғози ҷаласаи 7 аз ҷониби Раиси Шўро – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст се нафар аъзои нави Шўро муаррифӣ гардиданд. Инҳо, аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ Файзалӣ Раҷабов - Раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ Тан Шан Фу – Раиси Шўрои директорони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Джинфенг Тоҷикистон» ва Корхонаи муштараки «Зарафшон» ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба Рудолф Шох –Роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории байналмилалии Шветсария дар Тоҷикистон мебошанд.

Доир ба масъалаи якум - рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Котиби масъули Шўро - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, андешаҳои Роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Рудолф Шох, Роҳбари Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова ва корманди масъули Раёсати рушди бахши хусусӣ ва молияи Бонки Умумиҷаҳонӣ Андреа Даллолио шунида шуд.

Доир ба масъали дуюми рўзнома – муаррифии “Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012” маърўзаи Раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон – Файзалӣ Раҷабов ва андешаҳои директори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хатлонстрой» - Намоз Рабиев ва оид ба самтҳои татбиқи Барномаи мазкур гузориши Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов шунида шуд.

Ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012»-ро мукаммал намуда, бо тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Доир ба масъалаҳои ҷаласаи 7 Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Штефан Эрбер, Раиси Шўрои директорони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Джинфенг Тоҷикистон» ва Корхонаи муштараки «Зарафшон» Тан Шан Фу, директори Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Миралӣ Қодиров, директори кулли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут-2000”Абдуҳалим Қодиров, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Миллер ва Директори минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳори андеша намуданд.

Зимни баррасии масъалаи сеюм – лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ пешниҳод гардид, ки дар он масъалаи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳамкории миёни давлат ва бахши хусусӣ” баррасӣ гардад.

Ҷаласаи 7 Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шўро Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ амалӣ мегарданд, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин раванд минбаъд низ тадриҷан ва босубот идома меёбад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафи асосӣ аз таҳия ва пешниҳоди “Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012” дастгирии истеҳсолкунандагони ватании масолеҳи сохтмонӣ ва бинокорони Тоҷикистон аст.

Дар хусуси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳамкории миёни давлат ва бахши хусусӣ” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки он дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, коршиносони варзидаи шарикони хориҷӣ доир ба рушд ва бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта то охири соли равон таҳия ва ба ҷаласаи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520