Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

28.10.2012 14:30

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Ислом  Каримов  барқияи  табрикотӣ  ирсол  намуд, ки дар  он,  аз  ҷумла,  чунин гуфта  мешавад:

Мӯҳтарам  Ислом  Абдуғаниевич,

Дар ин  рӯзҳо  ба санаи  барқароршавии  муносибатҳои  дипломатии  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  20  сол  пур  мешавад.

Аз  Шумо  хоҳиш  мекунам ба  муносибати  ин  воқеаи  фархундаи  таърихи  навтарини  муносибатҳои  мутақобилаи Тоҷикистону  Ӯзбекистон  табрикоти самимона  ва  орзӯҳои   беҳтаринамро  қабул  фармоед.

Мо  дар  Тоҷикистон  анъанаҳои чандинасраи   муносибатҳои  дӯстӣ ва  ҳамсоягии  неки  байни   халқҳоямонро  қадр  мекунем.

Мо аз  рӯзҳои  аввали  истиқлолияти  миллиамон   ба онҳо  такя  намуда, сайъ мекунем, ки  тамоми   маҷмӯи  ҳамкории  амалии  Тоҷикистону Ӯзбекистонро  дар заминаи  принсипҳои   баробарҳуқуқӣ, эҳтироми  якдигар  ва ба инобат  гирифтани  манофеи тарафайн, ки дар  санадҳои  асосии танзимкунандаи  муносибатҳои дуҷонибаи  имрӯзаамон асос  ёфтаанд, бемайлон  густариш  диҳем.

Мехоҳам  аз  имконияти  мусоид  истифода  карда, қайд  намоям, ки  саъю  кӯшишҳои  якҷояамон  мусоидат  мекунанд, ки  на  фақат  ба  ситезаҷӯи ва  хавфу  хатари имрӯза  муқобилат  намоем,   балки  муносибатҳои  кишварҳоямонро  ба  сатҳи  сифатан  нави  тараққиёт  ба нафъи халқҳоямон  ва ба  хотири  таҳким  бахшидани   суботи  минтақа низ барорем.

Ба  Шумо,  мӯҳтарам  Ислом  Абдуғаниевич,  тансиҳатии  бардавом   ва беҳбудии  ҳамаҷониба  ва  ба  халқи  дӯсти  Ӯзбекистон  сулҳу  субот  ва  инкишофи  минбаъдаро орзӯ  менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520